Баъд аз латукӯби “Қуръонсӯзон” Адам мансаби нав гирифт

Писари Рамазон Қодиров, Президенти Чеченистон, Адам ба вазифаи муҳим ва масъулиятнок- сардори шӯъбаи амнияти ҷумҳурӣ таъин шуд.

Дар ин бора вазири сиёсати миллӣ, равобити хориҷӣ, матбуот ва иттилооти Чеченистон Аҳмад Дудаев ва вакили Думаи давлатӣ Адам Делимханов дар каналҳои Telegram-и худ хабар доданд.

«Бародари азизам Адам Қодировро бо таъйин шуданаш ба вазифаи муҳим дар хадамоти амнияти раиси Ҷумҳурии Чеченистон самимона табрик мегӯям! Адам худро ватандусти далер, далери Ватан ва шахсе нишон дод, ки ба дифоъ аз дин омода аст!». — навиштааст Дудаев.

Дар ибтидои моҳи октябр ба Адам унвони Қахрамони Ҷумҳурии Чеченистон дода шуд.

Номи Адам Қодиров замоне дар расонаҳо роҳ ёфт, ки падараш Рамазон Қодиров дар саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоии худ сабти видеоиеро нашр намуд, ки дар он писари ноболиғаш дар дохили боздоштгоҳ Никита Журавел, нафареро, ки ба сӯзонидани Қуръон муттаҳам мешавад ва дар Грозний таҳти боздошт қарор дорад, лату кӯб мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *