Соатҳои баршумор дар рақобати “Истиқлол” бо “Персеполис”

Имрӯз, 7-уми ноябр, дастаҳои футболи “Истиқлол”и Душанбе ва “Персеполис”и Теҳрон дар доираи бозиҳои даври чоруми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё бо ҳам рақобат мекунанд.

Бозӣ соати 19:00 дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад. Футболбозони «Истиқлол» бо пироҳани сурх ва меҳмонон бо пироҳани сафед ба майдон меоянд. Довари FIFA   Муҳаммад Ал-Алӣ аз Кувайт довари асосии бозӣ аст.

Дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё   аз тими «Персеполис» дар Теҳрон бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрда буд.  

“Истиқлол” пас аз даври сеюм бо 1 мусовӣ ва ду мағлубият соҳиби 1 хол гардидааст

Ҳоло дар ҷадвали гурӯҳи “Е” дастаи “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ бо 9 имтиёз дар мақоми аввал аст. “Персеполис” бо 6 имтиёз дар зинаи дуюм қарор дорад. “Ал-Дуҳайл”-и Қатар ва “Истиқлол” бо якимтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои сеюм ва чаҳорум маскан гирифтаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *