Рӯзи Театри тоҷик таҷлил мешавад

Ҳамасола дар Тоҷикистон  7-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Театри тоҷик таҷлил мешавад.

 Имрӯз, 7 — уми ноябр, соати 17:00 дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим  Лоҳутӣ Рӯзи Театри тоҷик таҷлил карда мешавад.  Дар ин бора ба Pressa.tj аз вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар доданд.

Дар чорабинии имрӯза порчаҳо аз намоишномаҳои театрие, ки тайи чанд соли охир таҳия шудаанд, намоиш дода мешаванд. Ҳамчунин, барномаи консертӣ ва маросими ҷоизасупорӣ ба ҳунармандон дар назар аст.

Маврид ба зикр аст, ки ҳоло корҳои сохтмонии бузургтарин театр дар Осиёи Марказӣ-Театри миллии Тоҷикистон дар пойтахт идома дорад. Он дар арафаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мавриди истифода қарор мегирад.

Бинои Театри миллӣ дар паҳлӯи Осорхонаи миллӣ ва боғи Парчами миллии Тоҷикистон қомат рост намуда, аз 2 ошёнаи зеризаминӣ ва 5 ошёнаи рӯйизаминӣ иборат аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *