Баргузории Конгресси VII-и байналмилалии мероси фарҳангии Ӯзбекистон дар Самарқанд

Шаҳри таърихии Самарқанд шарқшиносон, таърихнигорон, катибашиносону кормандони осорхонаҳои зиёда аз 40 кишвари ҷаҳонро ба ҳам овардааст.

Конгресси 7-уми байналмилалии «Мероси фарҳангии Ӯзбекистон – асоси эҳёи нав» бо ташкили даҳҳо вохӯриву суханрониҳо ва мизҳои мудаввар дар шаҳри Самарқанд аз 5-уми ноябр баргузор гашта истодааст. Дар конгресс масъалаҳои ҳамкории осорхонаҳо, гуногунии мероси фарҳангии шаҳри Самарқанд, ки дар осорхонаҳои машҳури ҷаҳон маҳфузанд ва ғайра баррасӣ мегарданд.  Ҳамчунин, мутахассисон ва коршиносон масъалаҳои инкишофи маданияти шаҳрҳои қадимаи Осиёи Марказиро муҳокима намуда, байни ҳам мубодилаи афкор менамоянд.

“Ҷумҳури Ӯзбекистон бо сарварии Президенти муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба эҳёи мероси фарҳангии кишвар таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад ва аз ин рӯ, дар ин самт лоиҳаҳои гуногунро роҳандозӣ менамояд. Ҳадафи аслии Ҳукумат ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани фарҳанги шаҳри Самақанд ва дигар шаҳрҳои қадимии Ӯзбекистон буда ва ба ҳамин тариқ рушди додани соҳаи сайёҳӣ мебошад. Самарқанд яке аз марказҳои асосии илм, тамаддун ва фарҳанги дунё мебошад. Дар ин ҷо тамаддунҳо ва динҳо ба вуҷуд омадаанд ва олимон кашфиётҳои ҷаҳониро ба даст оварданд” — мегӯяд Фирдавс Абдухалиқов, раиси раёсати Ҷамъияти ҷаҳонии омӯзиш, ҳифз ва муаррифии мероси фарҳангии Ӯзбакистон.

Дар оғози чорабинӣ дастхатҳои нодири шаҳри Самарқанд, аз ҷумла китобҳои “Ал-қонун фит-тиб”-и Абуалӣ ибни Сино, “Ал-ҷабру вал-муқобала”-и Хоразмӣ, “Қуръон”-и дастнавис ва ғайраҳо ба намоиш гузошта шуд, ки ҳамаи иштирокдорон аз онҳо дидан намуданд. Бояд гуфт, ки Қуръони дастнависе, ки дар Конгресс байналмилалии “Мероси фарҳангии Ӯзбекистон” ба намоиш гузошта шуд, яке аз қадимтарин нусхаҳои дастхаттии он мебошад. Он баъд аз 200 соли марги паёмбар дар асри VIII ва ибтидои асри IX сохта шудааст. Гуфта мешавад, ки барои дар як нусха муттаҳид кардани саҳифаҳои китоби мазкур шаш сол сарф шудааст.

Дар конгресс зиёда 400 нафар олимон иштирок доранд ва миёни онҳо ҳар рӯз (аз 5-ум то 8-уми ноябр) баҳсу мубоҳисаҳо сурат мегирад.

Дар намоиши Конгресс ҳамчунин, китоби доктори илмҳои фалсафа  Фирдавс Абдухолиқов, ки ба санъати миниётура бахшида шудааст, ба намоиш гузошта шуд.

Ёдовар мешавем, ки Конгресси VII-и байналмилалии «Мероси фарҳангии Ӯзбекистон – асоси эҳёи нав» аз 5-ум то 8-уми ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Самарқанд баргузор гардида, дар назар аст, дар охири он миёни осорхонаҳои машҳури кишварҳои мухталиф созишномаҳои гуногуни ҳамкорӣ оид ба мубодилаи мероси фарҳангӣ ва ғайра ба имзо расанд.

М.Қосимӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *