Бадахшон: Минтақаи озод аз машрубот

Як гуруҳ мардуми  Кӯҳистони Бадахшон ба ҷамъоварии имзоҳо зери як муроҷиатнома ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ташаббус нишон додаанд.

 Дар ин нома аз Эмомалӣ Раҳмон дархост мешавад, ки Бадахшон минтақаи озод аз машрубот эълон гардида, тавлид ва фурӯши ҳар навъ машрубот дар ин қаламрав манъ карда шавад. Як гуруҳи фаъолони зодаи вилояти мухбори Кӯҳистони Бадахшон дар сомонаи avaaz.org ба ҷамъоварии имзоҳо зери як муроҷиатнома ба президент Эмомалӣ Раҳмон бо дархости манъи тавлид ва фурӯши машрубот дар ин вилоят оғоз кардаанд. Матни ин муроҷиатнома дар avaaz.org рӯзи 30 январ нашр шуд ва то ин лаҳза зери он алакай беш аз 100 нафар имзо гузоштаанд. Муаллифони муроҷиатнома мехоҳанд баъди ҷамъ овардани 5000 имзо ин дархости худро ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бифиристанд.

Дар муроҷиатнома гуфта мешавад: «Мо, бошандагони вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз раёсати муҳтарами ҷумҳурӣ ва вилояти мухтор дархост мекунем, ки қаламрави вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшонро минтақаи озод аз машруботи алкулӣ эълом карда ва тавлиду фурӯши ҳамагуна машруботи алкулиро дар ин сарзамин акидан манъ кунед. Мо намехоҳем, ки дар қаламрави вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон арақу майу шаробу обҷаву дигар машруботи алкулӣ хариду фурӯш шавад. Ҳамчунин дархост дорем воридоту фурӯши сигору насвору дигар маҳсулоти тамокуӣ дар қаламрави ВМКБ коҳиш дода шавад.”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *