Оханг.тҷ 3 сола шуд

Имруз сомонаи мусикавии Оханг.тҷ 3 сола шуд! Дар давоми солхои фаъолияташ сомонаи мазкур тавонист, ки суруду таронахои дилнишинро ба тамоми дилбохтагони савту наво на танҳо дар Чумхурии Точикистон, балки берун аз он дастрас намуда, ҳазорхо пайравони худро дарефт намояд. Аллакай дар тамоми кучаву хиебонҳо, радиову телевизионҳо сурудҳои ҳофизон бо логотипи Оҳанг.тҷ пахш мегарданд. Зикр кардан ҷоиз аст, ки муассиси сомонаи мазкур мутахассиси ҷавон Абдуҳаким Абдуфаттоев буда, хамеша дар саъю кушиш аст, ки хар гуна навгониҳоро ба сомона ворид намояд, то ки истифодабарандагон бидуни ягон мушкили таронахои дилхосташонро дастрас намоянд ва гайр аз ин тавассути мусоҳибаҳо ва озмунҳои шавқовар бо сарояндагони маҳбуби кишвар аз наздик шинос шаванд.
Инак, ба муносибати 3 -солагӣ сомонаи Оҳанг.тҷ дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои машҳур тасмим гирифтааст, ки БЕҲТАРИН ОЗМУНРО баргузор намояд. Ғолибони озмунро ҳадяҳои гаронбаҳо интизоранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *