Сафаров 500 000 долларро дуздида дар Ховалинг пинҳон кард

Мақомоти интизомии Душанбе мегӯянд, як нафарро бо иттиҳоми дуздии тақрибан ним миллион доллар боздошт карданд. Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе, рӯзи 31-уми январ гуфт, Рустам Сафаров, сокини 31-солаи ноҳияи Ҳамадонӣ ба дуздии 470 ҳазор доллари амрикоӣ аз як ширкати сохтмонӣ муттаҳам мешавад.
Маблағи азимро ба гуфтаи мақомот шаби 16-уми декабр дуздидаанд. Ба гуфтаи мақомоти Раёсати умури дохилии Душанбе, “Рустам Сафаров тирезаи биное, ки дар он маблағ нигаҳдорӣ мешуд, шикаста аз он ҷо 470-ҳазор доллар, 10-ҳазор сомонӣ ва 1 соат ва 1 ангуштарии мардонаи тиллоиро дуздида, аз ҷои ҳодиса фирор мекунад”.
Ба қавли онҳо, муттаҳам ба ҷиноят баъди дуздӣ дар деҳаи Шугнови ноҳияи Ховалинг пинҳон шудааст. Мақомот гуфтанд, ки ба онҳо муяссар шудааст, 330-ҳазор долларро дарёфту мусодира кунанд. Рустам Сафаров дар боздошт аст ва таҳқиқи парвандаи ҷиноии ӯ идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *