Хуҷанд: Бунёди роҳи замонавии арғамчинӣ

Дар доираи тадбирҳо бахшида Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ роҳбарияти вилояти Суғд тасмим гирифтааст, ки  баҳри ба макони фароғатию сайёҳӣ табдил додани шаҳри  Хуҷанд аз маҷмааи Шоҳ Исмоили Сомонӣ то Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” роҳи сайругашт ва саёҳатии арғамчинӣ ё худ канатиро бунёд намояд. Дар ин бора  аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд хабар додаанд.

Бино ба итталои манбаъ, ин  тадбир метавонад мақоми сайёҳии маркази вилоятро боз ҳам боло бардорад ва ба зиёд шудани сафи сайёҳони дохилию хориҷӣ мусоидат намояд. Аз ҷониби дигар, барои худи сокинони шаҳри Хуҷанд низ имконияти нави истироҳату фароғат пайдо хоҳад гашт.

Бинобар ин,  ҳоло таъмиру азнавсозии Қалъаи Хуҷанд ба роҳ монда шуда, дастур дода шуд, ки дар ҳудуди шаҳраки варзишӣ нуқтаҳои фуруши маҳсулоти дастии мардумӣ ва армуғонҳои миллӣ  ташкил карда шавад. Ин  нуқта зимни шиносоии иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои созандагӣ ва фаъолияти муассисаҳои иҷтимоии маркази вилоят  зикр гардид.

Тавре пештар хабар дода будем, нахустин дар Тоҷикистон роҳи замонавии  абрешимӣ ё каток охири соли гузашта дар 57-километрии шимолу шарқии Душанбе, дар  ҳудуди маҷмааи варзишию сайёҳии «Сефеддара», дар баландии 2400 метр аз сатҳи баҳр ба истифода дода шуд, ки онро  ширкати  «Doppeimayr»-и Австрия сохтааст. Қобили зикр аст, ки ширкати мазкур дар ҷаҳон машҳур буда, дар бунёди бисёр иншоотҳои азиму замонавӣ, аз ҷумла роҳхи арғамчинӣ дар шаҳри Сочии Россия ва истироҳатгоҳи «Чимбулоқ»-и Қазоқистон иштирок намудааст.

Роҳи  арғамчинӣ дар маҷмааи варзишию сайёҳии «Сафеддара», тавре директори он Баҳодур Исҳоқов  гуфтааст,  дар  як соат ба 1000-2000 нафар одамон хизмат расонида метавонад.

В Худжанде построят канатную дорогу

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *