Генерал Иноятов рафт , Прокурори генералӣ роҳбари СНБ -и Ӯзбекистон шуд

Генерал Рустам Иноятов, роҳбари Хадамоти амнияти миллии Узбекистон (СНБ) ва яке аз шахсиятҳои бонуфузи он кишвар аз мақоми худ барканор ва ба ҷои ӯ Ихтиёр Абдуллоев, собиқ Прокурори генералӣ  собиқ таъйин шуд.

Иноятови 73-сола бист сол раёсати ин ниҳоди нирӯманди Узбекистонро бар ӯҳда дошт.Ин тағйироти кадрӣ дар сохтори қудратии Узбекистон рӯзи 31-уми январ дар ҷаласаи якҷояи Хадамоти амнияти миллӣ ва Прокуратураи генералӣ эълон шуд.Ихтиёр Абдуллоев 53 сола аст ва то замони расидан ба ин мақом Прокурори генералӣ буд. Атобек Муродови 42-сола, мушовири давлатии президенти Узбекистон  Прокурори генералӣ таъин  шудааст.Манобеи наздик ба ҳукумати Узбекистон рӯзи 31-уми январ гуфтанд, ки Рустам Иноятов 25-уми январи имсол номаи истеъфои худро ба президент Шавкат Мирзиёев супурда буд. Ӯ ба нафақа баромадааст.Рустам Иноятов аз соли 1995 бар Хадамоти амнияти миллии Узбекистон, яке аз муҳимтарин ва пурнуфузтарин ниҳодҳо дар замони ҳукумати Ислом Каримов, роҳбарӣ мекард. Аммо ҳамеша талош кардааст, ки аз мазҳари ом ҳарчӣ дуртар бошад. То моҳи октябри соли 2014 ягон акси нави ӯ ба матбуот роҳ наёфта буд. Аксҳое, ки то он вақт нашр шуданд, ба аввали солҳои 90-ум тааллуқ доштанд, ки ӯ ҳанӯз ба мақоми раиси Хадамоти амнияти миллӣ нарасида буд.Хадамоти амнияти миллии Узбекистон то як соли қабл аз бастатарин ва “бераҳмтарин” ниҳодҳо ба шумор мерафт. Ҳомиёни ҳуқуқи башар ин идораро ба саркӯби бераҳмонаи дигарандешон, ба зиндон афкандани ҳазорон нафари норозӣ аз сиёсати режими Ислом Каримов, марги мармузи даҳҳо маҳбус ва шикоятҳои фаровон аз шиканҷа, бе нишон ғайб задани даҳҳо ҳомии ҳуқуқ ё сиёсатмадори мухолиф дар ин кишвар ва даст доштан дар саркӯби ошӯби соли 2005 дар Андиҷон айбдор мекунанд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *