Баъди шикояти волидон китобҳои дарсӣ дар Ӯзбекистон ройгон шуданд (аудио)
Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дастур додааст, ки иҷораи китобҳои дарсӣ дар мактабҳо фавран ройгон карда шаванд.
Ин тасмим дар пайи якбора боло рафтани нархи иҷораи китобҳои дарсӣ ва шикояти волидон сурат гирифтааст.
«Бо дарназардошти он, ки китобҳои дарсии мактабӣ дар таълими умумии миёнаи кӯдакон нақши бениҳоят муҳим доранд ва бо мақсади дастгирии хонандагон, волидон, таъмини адолати иҷтимоӣ китоб ва дастурҳои дигари таълимӣ пурра ройгон карда шаванд. Ба Девони вазирон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон супориш дода шуд, ки ин масъаларо зери назорат гиранд», — таъкид доштааст Шерзод Асадов, сухангӯи Президент.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ