Лиз Трасс сарвазири нави Бритониё шуд (аудио)

Лиз Трасс — сиёсатмадори 47-солаи Бритониё аз Ҳизби консерваторӣ сарвазири нави ин кишвар интихоб шуд. Натиҷаи интихоб санаи 5-уми сентябр муайян гардид ва ӯ рӯзи 6-ум бо иҷозаи Малика Элизабеттаи 2 ба кори худ оғоз мекунад.

Мэри Элизабет Лиз Трасс 26-уми июли соли 1975 дар Оксфорд ба дунё омадааст. Як соли охир ӯ ба ҳайси вазири хорҳои хориҷии Бритониё фаъолият мекард. Пас аз истеъфои Борис Ҷонсон — собиқ сарвазири Бритониё ӯ тавонист бо ба даст овардани овози бештар ба ин маснад нишинад.

Лиз Трасс соли 2000-ум ба Хю Олири ба шавҳар баромада, соҳиби ду фарзанд бо номҳои Френсис ва Либерти мебошанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.