Вазорати маориф ва илм: Беш аз 700 донишҷӯ аз Қирғизистон баргаштанд (аудио)

Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм, беш аз 700 донишҷӯйи тоҷик барои идомаи таҳсил аз Қирғизистон ба Тоҷикистон баргаштаанд.

Манбаъ мегӯяд, ки аз ҳама бештар донишҷӯёни курсҳои болоӣ хостори идомаи таҳсили худ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон шудаанд.

— То имрӯз ба вазорат зиёда аз 700 муроҷиати хаттии донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Қирғизистон таҳсил менамоянд, ворид шудааст, ки онҳо ба курс ва ихтисоси мувофиқ интиқол дода шуданд,- меафзояд манбаъ.

Бино ба иттилои ниҳоди мазкур, ҳамарӯза аз 5 то 10 муроҷиати донишҷӯёни тоҷик, ки дар донишкадаву донишгоҳҳои Қирғизистон таҳсил менамоянд, ҷиҳати бозпас гирифтани ҳуҷҷатҳои аслӣ ба вазорат ворид мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *