Раҳим САИДЗОДА, вазири маориф ва илми Тоҷикистон

Зиндагинома. Раҳим Саидзода 7-уми июни соли 1969 дар ноҳияи Ҳамадонӣ таваллуд шудааст. Соли 1993 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Сайфиддинович Осимиро ба ихтисоси муҳандис-механик хатм кардааст. Оиладор, соҳиби 5 фарзанд мебошад.

Фаъолияти меҳнатӣ. Солҳои 1995-1997 ассистенти кафедраи  “Бехатарии фаъолияти инсон ва экология”-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Сайфиддинович Осимӣ,  1997-1999 муаллими калони кафедраи “Бехатарии фаъолияти инсон ва экология”-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Сайфиддинович Осимӣ, 2003-2003 сардори сектори илмӣ-тадқиқотии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Сайфиддинович Осимӣ, 2003-2005 мудири кафедраи “Бехатарии фаъолияти инсон ва экология”-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Сайфиддинович Осимӣ, 2004-2005 мовини ректор оид ба тарбияи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Сайфиддинович Осимӣ, 2005-2009 директори Колеҷи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Сайфиддинович Осимӣ, 2009-2010 сардори раёсати атестатсия, акредитатсия ва иҷозатномаҳои муассисаҳои таълимии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2010- 2011 муовини сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2011- 2015 сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2015- 2017 сардори раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2017-2019 муовини аввал, муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ, 2019-2020 директори иҷроияи Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСиС» дар шаҳри Душанбе буд.

Унвони илмӣ. Доктори илмҳои техникӣ, профессор мебошад.

Қадрдонӣ. Бо Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, Аълочии маорифи Тоҷикистон қадрдонӣ шудааст. Аз 21-уми феврали соли 2022 вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *