Орзуи мардуми Балхобии Муъминобод ҷомаи амал пӯшид. Мактаби нав ифтитоҳ ёфт

Дар деҳаи Балхобии ҷамоати деҳоти Балхобии ноҳияи Муъминобод бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, раиси ноҳияи Муъминобод Лутфия Шарифзода, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Сафарзода Ғазалшоҳ, сафири Ҷопон дар Тоҷикистон, намояндаи барномаи СММ дар Тоҷикистон, намояндагони ВАО ва дигар масъулини ноҳия муассисаи таҳсилоти миёнаи асосии №38 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ифтитоҳи ботантанаи бинои муассиса нахуст раиси ноҳия Шарифзода Лутфия аз ҷумла қайд намудааст, ки “бо саҳми шарикони рушд имрӯз дар ноҳия як мактаби дигар мавриди ифтитоҳ қарор гирифт, ки чандин сол мардуми деҳа онро орзу доштанд”.

Сипас, Фирӯза Шарифӣ ҳозиринро ба ин рӯзи фархунда аз номи раиси вилояти Хатлон табрику таҳният гуфта, инчунин аз номи маъмурияти вилоят ба шарикони рушд миннатдорӣ намудаааст.

Сафири Ҷопон ва намояндаи Созмони Милали Муттаҳид низ оид ба барномаи худ дар роҳандозӣ ва кумак дар соҳаи маориф ибрози назар намуда, илова кардаанд, ки минбаъд низ дар доираи ҳамкорӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон кори худро дар татбиқи лоиҳаҳо дар самти рушди маориф ва дигар паҳлуҳо идома медиҳанд.

— Тибқи маълумот, бинои пешинаи муассисаи мазкур, ки соли 1985 сохта шуда буд, дар ҳолати садамавӣ қарор дошт ва дар роҳи сойи селгузар ҷойгир буд. Бо пешниҳоди лоиҳа аз тарафи ҳукумати ноҳия ба сафорати Ҷопон ва дастгирӣ ёфтани он сохтмони он аз соли 2021 шуруъ карда шуд ва имрӯз он мавриди истифодабарӣ қарор гирифт. Дар муассисаи мазкур айни ҳол 63 нафар хонанда таҳсил мекунанд ва он барои 144 ҷойи нишаст дар як басти таҳсил сохта шудааст. Дар назар аст, ки соли ояндаи таҳсил он ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ табдил дода мешавад,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *