Байден Путинро «ҷинояткори ҳарбӣ» номид

Бино ба гуфтаи Байден, сиёсати Путин дар Украина «наслкушӣ» аст.

Раисиҷумҳури Амрико гуфт, ки ин танҳо хости ӯ нест, кишвараш дар бораи чунин иддаоҳо ҳарчи бештар далел дорад.

Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико бори дигар ҳамтои русаш Владимир Путинро танқид кард. Вай изҳор дошт, ки аъмоли раиси ҷумҳури Русия дар Украинаро «наслкушӣ» медонад. Ба гузориши РИА «Новости», қабл аз ин Байден зимни як чорабинӣ дар Айова ишора карда буд, ки бидуни зикри номи раисиҷумҳури Русия, амалкарди Путинро “наслкушӣ” арзёбӣ мекунад.

Сипас рӯзноманигорон хоҳиш карданд, ки дар бораи ин изҳорот шарҳ диҳанд ва посухи мустақим гирифтанд. «Бале, ман онро наслкушӣ номидам»,- гуфт Байден. Раиси Кохи Сафед қайд кард, ки Путин, ба гуфтаи ӯ, «кӯшиш мекунад, ки идеяи мавҷудияти украинҳоро аз рӯи замин нест кунад».

Байден афзуд, ки мақомоти ИМА далели ҳарчи бештари ин иддаоро доранд. Вай амалҳои Федератсияи Русияро дар Украина «даҳшатнок» арзёбӣ кард. Қабл аз ин, Байден ба худ иҷозат дод, ки Путинро «ҷинояткори ҳарбӣ» номид ва баъдан афзуд, ки ин мавқеи расмии Вашингтон нест, балки мавқеи шахсии ӯ аст.

 Қаблан TopNews навишт, ки Байден ду маротиба дар Кохи Сафед ба вазъияти ногувор дучор шуд. Расонаҳо гуфтанд, ки президенти ИМА ду маротиба худро дар назди дурбинҳо шарманда кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *