Баҳодур Усмонов дар Финляндия медали тилло гирифт

Муштзании маъруфи Тоҷикистон Баҳодур Усмонов дар Мусобиқаи 40-уми байналмилалии бокс дар Финляндия ба хотираи Гуннар Барлунд, ки бо номи GeeBee маъруф аст, сазовори медали тилло шуд.

Ин мусобиқа аз 7 то 10-уми апрел дар шаҳри Хелсинкӣ бо иштироки беш аз 100 варзишгар аз кишварҳои Финляндия, Норвегия, Шведсия, Эстония, Англия, Уэлс, Шотландия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Арманистон, Венгрия, Фаронса, Олмон, Булғористон ва Украина баргузор шуд.

Баҳодур Усмонов дар вазни -63,5 кг муҳорибаро аз чорякфинал оғоз карда (дар даври аввал озод буд), бар намояндаи Арманистон Ҳамлет Мнатсаканян бо ҳисоби 5:0 ғалаба кард. Дар нимфинал ҳарифаш аз Венгрия Ричард Ковачро бо ҳисоби 3:2 мағлуб кард. Сипас, Баҳодур дар финал бар варзишгари Шотландия Риси Лунч бо ҳисоби 4:1 пирўз гардида, сазовори медали тилло шуд.

Мусобиқаи “GeeВee Boxing Tournament-2022” аз соли 1982 баргузор мешавад. Имсол муҳорибаҳо аз рўи 4 вазн миёни бонувон ва 11 вазн миёни мардҳо сурат гирифт.

Хабарҳои моро дар Телеграм пайгирӣ намоед: https://t.me/tojikistontimes

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *