Байни Тоҷикистону Малдив раводид лағв шуд

Тоҷикистон боз бо як кишвари дигар – Малдив низоми раводидро лағв кард.

 Созишнома байни ҳукуматҳои ду кишварро намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат ва намояндаи доимии Малдив дар ин созмон Алӣ Насир Муҳаммад дар шаҳри Ню- Йорк имзо карданд.

«Тибқи созишнома шаҳрвандони ду кишвар бидуни раводид то 30 рӯз метавонанд ба қаламрави ҳамдигар рафтуомад кунанд», — омадааст дар хабари вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Санади мазкур баъди анҷоми расмиёти давлатии ду кишвар мавриди амал қарор мегирад.

Бояд гуфт, ки моҳи августи соли равон низоми раводид миёни Тоҷикистону Эрон низ лағв шуда буд.  Ҳоло байни Тоҷикистону Эрон дар як ҳафта се парвози ҳавопаймо сурат мегирад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *