Баландтарин ва хурдтарин зан дар ҷаҳон муайян шуд

Дар Лондон вохӯрии баландтарин ва хурдтарин занҳои ҷаҳон баргузор шуд.

Веб-дизайнер ва ҳунарпеша-блогер аз Ҳиндустон сари як пиёла чой суҳбат карданд, хабар медиҳад Guinness World Records.

Румейса Гелҷӣ аз Туркия имрӯз баландтарин зани сайёра аст. Баландии духтари 27-сола 215,16 см буда,  дар ӯ бемории нодири синдроми Уивер ташхис шудааст, ки афзоиши босуръати бадан ва деформатсияи устухонҳоро ба вуҷуд меорад.

Румейса инчунин соҳиби рекордҳои дигар аст: дорои дастҳои калонтарин, дарозтарин пушт ва гӯшҳои дарозтарин.

Зани хурдтарин дар ҷаҳон Ҷоти Амҷеи 30-сола аз Ҳиндустон буда, дарозии қадаш 62,8 см мебошад. Натиҷаи ташхиси ӯ ахондроплазия, вайроншавии афзоиши устухонҳо аст.

Гуфта мешавад, ки бо вуҷуди фарқи дарозии 152,36 см, занҳо бо мубодилаи таҷрибаи рӯзгор зуд дӯстии наздик пайдо карданд. Мегӯянд, ки бисёр чизҳои муштарак доштаанд: муҳаббат ба мӯд, ороиш, маникюр ва ҷавоҳирот.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *