Барномаҳои Телевизиони Кӯлоб дар формати HD пахш мешаванд

Барномаҳои Телевизиони Кӯлоб ҳам аз ин ба баъд бо формати дақиқияташ баланди HD пахш мешаванд. Ин иқдом аллакай 29-уми июли соли равон дар шаҳри Кӯлоб амалӣ карда шуд.

Бино ба иттилои МИҲД-и вилояти Хатлон, дар маросими гузаштан ба пахши барномаҳои Телевизиони Кӯлоб ба формати дақиқияташ баланди HD Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон ва Нуриддин Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бахтиёр Назарзода, шаҳрдори Кӯлоб иштирок карданд.

Бино ба маълумоти масъулин, Телевизиони Кӯлоб соли 1992 таъсис дода шуд. Он соли 2022 бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба узвияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил карда шуд.

Телевизиони Кӯлоб замони таъсисёбӣ ҳамагӣ ҳашт корманд дошт. Феълан дар шабакаи телевизонӣ 70 нафар фаъолият доранд ва айни замон барномаҳои телевизиони мавриди назар 18 соат тавассути моҳвора пахш мешаванд.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *