Душанбе: роҳи мошингард баъди навсозӣ ба истифода дода шуд

Роҳи мошингарди кӯчаи Шевченко аз буриши кӯчаи Шероз то хиёбони Саъдии Шерозӣ пас аз навсозӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Бино ба иттилои МИҲД-и шаҳри Душанбе, корҳои навсозӣ дар роҳи мазкур моҳи майи соли 2022 оғоз гардида, пас аз таъмири пурра он имрӯз мавриди истифода қарор гирифт.

— Дарозии роҳи мазкур аз кӯчаи Шероз то хиёбони Саъдии Шерозӣ 850 метр буда, дар он тамоми аломату ишораҳо, ки бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин менамоянд, гузошта шудаанд. Фармоишгари корҳои навсозии роҳи мошингарди кӯчаи Шевченко, аз буриши кӯчаи Шероз то хиёбони Саъдии Шерозӣ Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳу кӯпрукҳои шаҳри Душанбе» буда, корҳои таъмириро муҳандисон ва сохтмончиёни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Идеал-Сервис» ба анҷом расониданд. Тибқи лоиҳа, дар таҷдиди роҳи мошингарди кӯчаи Шевченко навсозии пиёдароҳҳо, таъмиру навсозии хатҳои муҳандисӣ, аз қабили қубурҳои оби гарм, оби нӯшокӣ, хатҳои корезӣ, ноқилҳои баландшиддати барқӣ ва хатҳои алоқа, инчунин навсозии сутун ва чароғҳои равшанидиҳӣ пурра анҷом дода шудааст. Ҳамзамон дар доираи татбиқи лоиҳаи мавриди назар навсозии қитъаи сабзазори роҳ низ анҷом дода шуда, дар он хатҳои обёрӣ ва сохтмони обанбор барои захираи об ҷиҳати системаи обёрӣ низ бунёд шудаанд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *