кресло

Барои кӣ (чӣ) кадр тайёр мекунем?

Ҷопон, Сингапур, Кореяи Ҷанубӣ, Индонезия, Малайзия, Ҳиндустон танҳо дар натиҷаи тарбияву дарёфти дурусти кадрҳо ба қатори кишварқои саноатӣ ва пешрафта шомил шуданд. Мо чӣ?

Беш аз 40 макотиби олии кишвар ва чор филиали мактабҳои олии хориҷ аз кишвар ҳамасола аз рўи беш аз 200 ихтисос кадрҳои дипломдор мебароранд. Кадрҳои хатми коллеҷу литсейҳои техникӣ беҳисоб. Вале натиҷа номаълум. Ҳеҷ фаҳмида нашуд, ки Вазорати иқтисоду ояндабинӣ дар Тоҷикистон чӣ мақому манзалат дорад ва барои он чӣ муҳим аст? Кадрҳои маълумоти олидор барои сафи бекорони дохилиро зиёд кардан соҳиби диплом мешаванд ё шумораи муҳоҷирони меҳнатии хориҷи дипломдорро аз 1 миллион ба 2 миллион нафар расониданианд?

Бо канданиҳои зеризаминии фоиданокамон бо ифтихор гап мезанему вале канӣ ҳамон мутахассисони шоистаю сазовор, ки ин тиллою уран, мис, никел, оҳан, нуқра ва ғайраҳоро коркарду барои истеҳсолу содироти онҳо талош варзанд?

Атрофи ин масъалаҳо бояд андеша кард…

Нурулло ҲАСАНОВ, рўзноманигор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *