кресло

Тағйироти кадрӣ. Кӣ ба куҷо рафт?

Рӯзи 11-уми январ бо фармону қарорҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақомот ва як қатор шаҳру ноҳияҳо тағйироти кадрӣ сурат гирифт.

Озод шуданд:

Ҳикматуллозода Абдуғаффор аз вазифаи муовини якуми Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ аз вазифаи муовини вазири рушди иқтисод ва савдо.

Шарифӣ Бахтиёр Маҳмудзода аз вазифаи муовини якуми вазири саноат ва технологияҳои нав.

Ҷӯразода Тоҷиддин аз вазифаи раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Муминзод Камолиддин Рамазон аз вазифаи муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Саломзода Сиҷоуддин аз вазифаи раиси шаҳри Бохтар.

Самӣ Шариф Ҳамид аз вазифаи раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе.

Салимзода Нусратулло Файзулло аз вазифаи раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе.

Усмонзода Фатҳиддин Бадриддин аз вазифаи раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе.

Исматзода Азизулло Убайдулло аз вазифаи раиси ноҳияи Рӯдакӣ.

Баротзода Файзулло Раҷаб аз вазифаи раиси ноҳияи Лахш.

Одиназода Бозоралӣ Неъмат аз вазифаи раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ.

Садриддинзода Бадриддин Талбак аз вазифаи раиси ноҳияи Қубодиён.

Саидзода Ҷамшед Ҳамро аз вазифаи раиси ноҳияи Ёвон.

Таъин гардиданд:

Муминзод Камолиддин Рамазон — раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Баротзода Файзулло Раҷаб — иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бохтар.

Саидзода Тоҷиддин Ниёз — иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе.

Гуреззода Умед Зариф — иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе.

Қодирзода Руслан Раҷаб — иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе.

Ҳикматуллозода Абдуғаффор — иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рӯдакӣ.

Шарифӣ Бахтиёр Маҳмудзода — иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон.

Мирзозода Нурулло Абдулҳай — иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон.

Холмурод Раҳмон — иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон.

Салимзода Нусратулло Файзулло — иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд.

Сабурзода Мирзодавлат Абдолӣ — иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон.

Холзода Каромиддин Камолиддин — иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Лахш.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *