ҳаҷ

Роҳи Ҳаҷ боз шуд. COVID-19 дигар монеи зоирон намешавад

Вазорати умури ҳаҷи Арабистони Саудӣ эълон кард, ки дар мавсими Ҳаҷи соли 2023 маҳдудиятҳои ҷоришуда вобаста ба COVID-19 бекор карда мешаванд. Вале ҳанӯз теъдоди квота ба зоирони тоҷик маълум нест.

Вазири умури ҳаҷи Арабистони Саудӣ Тавфиқ Ал-Рабия хабар медиҳад, ки теъдоди зойирин ба нишондиҳандаҳои то замони пандемия баргардонида мешавад.

“Теъдоди хоҳишмандони адои маросими ҳаҷ ба нишондиҳандаҳои то пандемия баргардонида шуда, вобаста ба синну сол низ ҳеҷ гуна маҳдудият нест”,- хабар дод номбурда.

Ҳамчунин вазир эълон кард, ки сохторҳои марбут ба ташкили ҳаҷ дар саросари ҷаҳон метавонанд бо ҳама гуна ширкати ваколатдор қарордод ба имзо расонанд.

Соли равон маросими адои ҳаҷ охири моҳи июн оғоз мегардад. Вале маълум нест, ки Арабистони Саудӣ ба зоирони тоҷик чӣ қадар квота додааст.

Котиби матбуоти Кумитаи дини Тоҷикистон Афшин Муқим хабар медиҳад, ки як ҳайати ҷумҳурӣ айни замон дар Арабистони Саудӣ қарор дошта, дар ҷараёни сафар баррасии масъалаи квотаҳои имсола барои зойирини тоҷик низ дар назар аст.

“Миқдори квота ҳоло маълум нест. Лекин эҳтимол меравад, ки дар муқоиса бо соли гузашта ва бо сабаби бекор шудани маҳдудиятҳо, имсол шумори он зиёд шавад”,- гуфт ӯ.

Ӯ ҳамчунин хабар дод, ки арзиши имсолаи адои маросими ҳаҷ пас аз дастрас шудани рӯйхати хоҳишмандон аз шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ маълум мешавад.

“Баъди муайян шудани квота, Кумита рӯйхат аз шаҳру навоҳиро ҷамъ оварда, сипас бо назардошти талаботи ҷониби Арабистони Саудӣ дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ нарх муқаррар карда мешавад”,- гуфт намояндаи Кумитаи дин.

Соли 2022 квота барои Тоҷикистон зиёда аз 3,5 ҳазор нафар ва арзиши ҳаҷ барои 1 кас 61 ҳазор сомонӣ (5 ҳазору 350 доллар бо қурби ҳамонвақта)-ро ташкил дод. Ҳукумати Арабистони Саудӣ тайи се соли ахир бар асари хурӯҷ ва паҳншавии COVID-19 теъдоди зойиринро барои адои маросими ҳаҷ маҳдуд мекард. Дар пасманзари пандемия мақомоти шоҳигарӣ дар солҳои 2020 ва 2021 барои адои маросими ҳаҷ теъдоди маҳдуди зойиринро роҳ дода, дар соли 2022 ба 1 млн нафар муяссар шуд, ки Хонаи Худоро зиёрат кунанд. Дар ҳамин ҳол, соли 2022 танҳо ба шахсони синни аз 18 то 65-солаи пурра ваксинагирифта ё масуниятдошта (иммунитетдошта) аз коронавирус, ки бемориҳои куҳна надоштанд, адои маросими ҳаҷ иҷоза шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *