Барои табобати Осия аз Олмон табиб омад
Эдгар Бимер аз руи таърихи беморӣ Зулфонова О. пешакӣ омӯхтааш бо худ тамоми дорувории зарурии беҳтаринро барои муолиҷаи ҷабрдида овардааст.
Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дирӯз аз Ҷумҳурии Федеративии Олмон Профессори шинохтаи тиб дар соҳаи ҷарроҳиҳои тармимӣ, пластикӣ, эстетикӣ ва бемориҳои сухта (Комбусталогия) ҳамзамон Президенти асотсиатсияи ҷарроҳони тармимӣ ва пластикӣ дар Аврупо Эдгар Бимер ҷиҳати дидан намудан аз вазъи саломатии ноболиғ Зулфонова Осия, соли таваллудаш 2013, сокини маҳаллаи Боғи Миллӣ, ш. Душанбе, ки санаи 19.06.2019 бо ҷарохатхои вазнини аз сухтор ба беморхонаи № 3 шаҳри Душанбе, шуъбаи бемориҳои сӯхта бистари гашта буд ташриф овард, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Тибқи иттилои манбаъ, баъд аз муоина Профессор Эдгар Бимер вазъи саломатии ҷабрдидаи ноболиғро муътадили вазнини миёна арзёбӣ кард. Эдгар Бимер аз руи таърихи беморӣ Зулфонова О. пешакӣ омӯхтааш бо худ тамоми дорувории зарурии беҳтаринро барои муолиҷаи ҷабрдида овардааст.
Ҳамчунин, номбурда изҳор доштааст, ки дар якҷояги бо табибони тоҷик муолиҷаро давом дода, барои ҳарчи тезтар барқарор намудани саломатии номбурда тамоми кӯшишу ғайраташро ба кор мебарад.
Ҳамзамон Профессор Эдгар Бимер изҳори омодагӣ кард, ки дар муоина ва табобати дигар беморони вазнини хурдсоли ин беморхона, ки ин шабу рӯз ба бемориҳои гуногуни сухтани бадан гирифтор шудаанд саҳми худро хоҳад гузошт.
Ёдовар бояд шуд, ки рӯзи 19-июни соли равон 3 наврас Осияи Шерзодро, ки дар назди бинои истиқоматиаш ҳамроҳи дӯстонаш бозӣ мекард, оташ зада буданд. Ин се наврас хонандагони яке аз мактабҳои ҷамоати Чорякарони ноҳияи Рӯдакӣ буда, Осияро баста ба либосаш оташ сар дода буданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ