Мутриба Ҳотамӣ дар Қирғизистон ҷои аввалро гирифт

Дар категорияи “А” миёни бонувон шоҳмотбози маъруфи кишвар Мутриба Ҳотамӣ ҷои аввал, Сарвиноз Каримова ҷои сеюмро сазовор шуданд.

Дар шаҳри Чолпон-Отаи Қирғизистон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти Ҷоми Леонид Юртаев – аввалин гроссмейстери ин кишвар – баргузор шуд.

Ба иттилои Федератсияи шоҳмоти Қирғизистон, дар мусобиқа 160 шоҳмотбоз аз кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ширкат намуданд. Фонди ҷаизаи мусобиқа 2000 долларро ташкил медод.

Мусобиқа аз рӯи ду категория сурат гирифт: “А” – мусобиқоти инфиродӣ аз рӯи раддабандии ҷаҳонӣ, “В” – вохуриҳо миёни кӯдакону наврасон. Бозиҳо тибқи талаботи Федератсияи байналмилалии шоҳмот аз рӯи системаи швейтсарӣ дар 9 давр баргузор шуд.

Дар категорияи “А” миёни бонувон шоҳмотбози маъруфи кишвар Мутриба Ҳотамӣ ҷои аввал, Сарвиноз Каримова ҷои сеюмро сазовор шуданд. Намояндаи дигари кишвари мо Алишер Каримов миёни мардҳо ҷои 9-умро ишғол намуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *