Дидори ғайрирасмии президентҳои Тоҷикистон, Русия ва Белорус

Дар ҷараёни мулоқоти сеҷонибаи Эмомалӣ Раҳмон, Александр Лукашенко ва Владимир Путин масъалаҳои ҳамкории кишварҳо дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар ҷаҳорчуби ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалии ИДМ, СААД ва ғайра, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ҷараёни мулоқоти сеҷонибаи  Эмомалӣ Раҳмон, Александр Лукашенко ва Владимир Путин, ки рӯзи 30 июн дар шаҳри Минск анҷом шуд,  масъалаҳои ҳамкории кишварҳо дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар ҷаҳорчуби ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалии ИДМ, СААД ва ғайра, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Раисони ҷумҳур гирди дастурхон бо зардолу чойи сабз нӯшида, баъдан бо худрави бозии голф гардиш карданд.

Сипас, сарони Тоҷикистон, Русия ва Белорус дар маросими пӯшидашавии Бозиҳои Аврупоӣ дар шаҳри Минск ширкат карданд.

Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин ба Александр Лукашенко ва Ҳукумати ин кишвар барои дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор кардани Бозиҳои дуюми аврупоӣ, ки шоми рӯзи 30 июн ҷамъбаст мегардад, баҳои баланд доданд.

Ба гуфтаи Дмитрий Песков, сухангӯи раиси ҷумҳури Русия, ин дидори дуюми президентҳои Русия ва Белорус дар як моҳи ахир ҳисоб меёбад. Дар мулоқоти Путин ва Лукашенко дар шаҳри Бишкек, ки дар ҳошияи нишасти сарони узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой баргузор шуда буд, Президенти Белорус ҳамтои руси худро ба Минск даъват кард, ки то масоили ҳамкорӣ ва ҳамгироӣ миёни ин ду кишварро баррасӣ кунанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.