БДА озмун эълон намуд
Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои офаридани расми беҳтарини кӯдакона дар мавзӯи бехатарии ҳаракат дар роҳ- «Шаҳри бехатар — аз нигоҳи кӯдак» озмуни ҷумҳуриявӣ эълон намуд.
Тавре аз раёсати мазкур иттилоъ додаанд, мақсад аз баргузор намудани озмуни мазкур тарғибу ташвиқи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ миёни кӯдакону наврасон ва пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки онҳо мебошад.
Ба иттилои манбаъ, озмуни мазкур дар асоси фармоиши Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 ноябр то 29 декабри соли 2018 баргузор карда мешавад. Дар озмун хонандагони аз 8 то 13-солаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей ва гимназияҳои мамлакат метавонанд иштирок намоянд.
«Мавод то 15 декабр ба Кумитаи тадорукоти озмун пешниҳод карда шуда, ғолибони он 29 декабри соли равон аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии мамлакат бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд»,- хабар дод манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ