Далла ба қапқони милиса афтод

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 24-солаи сокини кӯчаи Борбади шаҳри Душанберо бо гумони даллагӣ дастгир намуданд.

Номбурда, ба даллагӣ машғул шуда, рӯзи 23-юми ноябри соли 2018 марди 17-солаи сокини ноҳияи Восеъро бо зани 36-солаи сокини кӯчаи Гипрозем барои алоқаи ҷинсӣ намудан шинос карда, аз онҳо 170-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
Ҳамчунин зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 22-солаи сокини кӯчаи А.Ғуломови пойтахт, муваққатан истиқоматкунандаи кӯчаи Маяковский бо гумони даллагӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, ба даллагӣ машғул шуда, санаи 24-уми ноябри соли 2018, тахминан соати 17:30-дақиқа, барои қонеъ намудани талаботи шаҳвонии шаҳрвандон: марди 26-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, марди 21-солаи сокини шаҳри Турсунзода, марди 33-солаи сокини шаҳри Душанбе онҳоро бо занони 22, 21 ва 27-солаи сокинони шаҳри Душанбе шинос намуда, аз онҳо 300-доллари амрикоӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *