Толибон гардан намефароранд

Агентии хабарии Reuters рӯзи 26 ноябр гуфтааст,  ки дар ҷараёни даргирӣ бо ҷангиёни Толибон дастикам 22 сарбози артиши Афғонистон кушта шуд.

Ҳодиса шоми якшанбе дар сарҳади Эрон ба вуқуъ пайвст. Ҷангиёни Толибон ба корвони сарбозон ногаҳон ҳамла буданд. Онҳо чаҳор мошинро маҳв карданд ва теъдоди зиёди силоҳро бо худ бурданд.Мақомоти Афғонистон дар ин авохир хабарҳои марбут хисороти ҷонии сарбозонро камтар нашр мекунанд. Вазирати дифои ИМА чанде пеш гуфт, ки неруҳои Афғонистон ҳар моҳ дастикам 500 сарбозро аз даст медиҳад.Сарфи назар аз талошҳои Амрико барои музокирот бо Толибон ҳамлаи ҷангиёни ин гурӯҳ дар Афғонистон киҳош наёфтааст., мегӯяд хабаргузории Reuters.Ҳафтаи гузашта фиристодаи вежаи ИМА дар умури Афғонистон Залмай халилзод гуфт, ки то ҳол натавонист бо гурӯҳи тундрави Толибон дар бораи замон ва шарти хатми ҷанг созиш ба созиш бирасад. Залмай Халилзод талош кард Толибонро ба қатъи даргириҳо то моҳи апрели соли 2019 мутақоид кунад. Ин метавонист роҳро барои хуруҷи пурраи неруҳои Амрико аз Афғонистон боз намояд. Навиштааст хабаргузории Reuters рӯзи 19 ноябр.Музокироти ИМА бо Толбион аз рӯзи ҷумъа то якшанбе дар Қатар ҷараён гирифт. Ҳадафи музокирот созиш барои қатъи даргириҳо то 20 апрели соли 2019 номбар мешуд, то Афғонистон тавонад интихоботи президентӣ баргузор кунад. Ба гуфтаи Халилзод, Толибон эътироф карданд, ки наметавонанд бо роҳи низомӣ бар неруҳои ИМА прирӯз шаванд. Намояндагони Толибон баъдан ин изҳоротро рад карданд.Ба гуфтаи генерали амрикоӣ Ҷозеф Данфорд, ки хабаргузорӣ аз ӯ иқтибос кардаст, Толбибон феълан ҷангро дар Афғонистон «бой надодаанд». Агар то соли 2015, то се соли пеш, 72 дар сади кишвар таҳти назорати ҳукумат қарор дошт, феълан ин рақам то 58 дар сад поён рафтааст,- омадааст дар гузориши ҳукумати Амрико аз октябри соли 2018.Амалиёти низомии кишварҳои узви НАТО алайҳи ҷумбиши Толибон ва шарикони он дар Афғонистон аз соли 2001 ба ин сӯ ҷараён дорад. Рӯзи 9 ноябр намояндагони ҷумбиши дар Русия мамнӯи Толибон бори аввал дар сатҳи расмӣ бо вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров мулоқот карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *