Бег Сабур шикояти сокинони Зарафшонро шунид

Бег Сабур, сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аз истгоҳи алоқаи мобилӣ дар шаҳру ноҳияҳои Варзоб, Айнӣ ва Панҷакент боздид кард.
Ӯ бевосита бо сокинони маҳаллӣ низ дар ҳузури намояндагони ширкатҳои мобилӣ мулоқот карда, сокинон арзу шикоятҳои худро мустақиман ба онҳо расониданд.
Дар идома Бег Сабур бо огоҳ шудан аз ҳолати воқеӣ ва шунидани арзу шикоятҳои муштариён масъулини ширкатҳои мобилиро муваззаф кард, ки барои зудтар бартараф кардани норасоии мавҷи алоқаи мобилӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.
Дар суҳбат бо сокинони шаҳру ноҳияҳои Варзоб, Айнӣ ва Панҷакент иброз гардид, ки бо вуҷуди он ки шароити ҷуғрофии ин минтақаҳо барои пурра ва бо сифати баланд таъмини фарогирии алоқаи мобилӣ монеаҳои хоси худро дорад, аммо дар идомаи ислоҳоти соҳаи алоқа дар кишвар фарогирии мавҷи алоқаи мобилӣ дар тамоми ҷамоату деҳаҳо дар ояндаи наздик беҳтар мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *