Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон ба Тоҷикистон омад

Имрӯз, 24 –уми январ муовини Сарвазир — Вазири корҳои хориҷии  Қазоқистон Мурат Нуртлеу бо як сафари расмӣ вориди шаҳри Душанбе шуд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмонро муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода пешвоз гирифт.

 Дар рафти сафари расмӣ номбурда бо ҳамтои тоҷикистонии худ — вазири корҳои хориҷии  Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин мулоқот хоҳад кард.

 Ҳамчунин, дар назар аст, ки Мурат Нуртлеу аз ҷониби Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфта шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *