Белорус ба СҲШ дохил мешавад
Бахтиёр Ҳакимов — намояндаи вижаи президенти Русия дар умури СҲШ дар мусоҳиба бо рӯзноманигорони Русия гуфтааст, ки Минск қасд дорад раванди тезонидашудаи пайвастан ба Созмони ҳамкориҳои Шанхайро дунбол кунад ва Русия низ мисли дигар кишварҳо дар ин талош аз он пуштибонӣ мекунад.
«Агар кишварҳои зиёде ба созмон таваҷҷуҳ дошта бошанд, ин маънои онро дорад, ки ҷалб мекунад. На аз он сабаб, ки он як навъ бренди аъло аст. Дар тӯли 20 сол, СҲШ иқтидори бузурги ҳамкорӣ, таҷрибаи амалӣ дар соҳаҳои гуногун ҷамъ кардааст. СҲШ дар асоси созишномаҳо дар бораи тадбирҳои эътимод дар минтақа ҳамчун як созмони бисёрсоҳа таъсис ёфтааст. Дар тӯли солҳои охир тавассути талошҳои муштарак мо тавонистем шароитеро фароҳам оварем, ки ба пешравӣ имкон медиҳанд”,- гуфт Ҳакимов дар посух ба суоли ин ки чӣ тавр ташкилот узвҳои навро ба худ ҷалб мекунад.
«Ин на танҳо Эрон аст, ки ба зудӣ ба СҲШ шомил мешавад. Илова бар ин, раванди пазириши Белорус идома дорад. Русия мисли дигар давлатҳо Минскро барои узвияти СҲШ дастгирӣ мекунад. Гап дар он аст, ки ин ба имкониятҳои қонунгузории миллӣ мувофиқат мекунад»,- қайд кард Ҳакимов.
Ба гуфтаи ӯ, иқтидори умумии созмон хеле бузург аст, фазои СҲШ қаламраверо аз Осиёи Ҷанубӣ ва Ҷанубу Шарқӣ то Аврупо фаро мегирад ва имрӯз он дар минтақаи Ховари Миёна афзоиш ёфта, ба ин васила ҷолибияти ин иттиҳодияи байнидавлатиро афзоиш медиҳад.
СҲШ як созмони байналмилалӣ аст, ки соли 2001 таъсис ёфтааст. Дар он Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Покистон ва Ӯзбекистон ширкат мекунанд. Кишварҳои нозир — Афғонистон, Белорус, Эрон ва Муғулистон, кишварҳои шарик — Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка. Дар нишасти сарони СҲШ дар Самарқанд меморандумҳо дар бораи додани мақоми шарики муколама ба Миср ва Қатар ба имзо расид. Баҳрайн, Малдив, Кувайт, АМА ва Мянмар низ мақоми шарики муколамаро мегиранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ