загс

Хатлон: 12 ақди никоҳ бо шаҳрвандони хориҷӣ дар як сол

Дар соли 2022 дар вилояти Хатлон 12 шартномаи ақди никоҳи сокинони кишвар бо шаҳрвандони хориҷӣ сабт шудааст. Дар ду моҳи соли 2023 ягон ақди никоҳ бо шаҳрвандони хориҷӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Абдусаттор Ҳакимзода — нозир-коргузори шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Раёсати адлияи вилояти Хатлон дар нишасти хабарӣ гуфт, ки аз бастани 12 ақди никоҳ 8 ҳолат мардони тоҷик ва 4 ҳолат духтарони тоҷик бо шаҳрвандони хориҷӣ ақди никоҳ бастаанд. Ӯ афзуд, ки бештар бо шаҳрвандони Русия ва Ӯзбекистон ақди никоҳ баста шудааст. Ба таъкиди вай, бо бастани ақди никоҳ миёни хонадоршавандаҳо аҳднома ба имзо мерасад.

Абдусаттор Ҳакимзода дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки давоми ду моҳи соли 2023 бастани ақди никоҳ бо шаҳрвандони хориҷӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *