Аҳмадзода

Табрики 260 рӯбанда аз тарафи раиси вилояти Суғд

Аз ҷониби раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба Рӯзи модар 260 нафар рӯбандаю покизакорони шаҳри Хуҷанд соҳиби туҳфаҳои хотиравӣ гаштанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбати самимӣ бо рӯбандаю покизакорони Сарраёсати ободонии шаҳр таъкид доштааст, ки заҳмати шабонарӯзии ҳар як корманди ҷодаи ободонӣ ҳамеша кадр карда мешавад, зеро аз фаъолияти бомаром ва самароварии онҳо тозагӣ ва хуррамии маркази маъмурии вилояти Суғд — шаҳри Хуҷанд вобастагии зиёд дорад.

Раҷаббой Аҳмадзода таъкид доштааст, ки ҳар гоҳ сокинону меҳмонон аз тамошои дарахтони ҳамешасабз, гулҳои рангоранг, кӯчаву хиёбонҳои зебо ва тозаю озодаи шаҳри Хуҷанд ба ваҷд меоянд ва пеш аз ҳама ба меҳнати кормандони ободонӣ баҳои баланд медиҳанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *