дорухона

Бемор дар харидани дору озод нест?!

Чанд рӯз мешавад бародарам дар корпуси 10-уми Қараболо бистарӣ аст. Ва дар ин чанд рӯз чандин ҳолатҳои аҷибро мушоҳида кардам.

Як доруро аз дорухона наёфтам. Чанд дорухонаро кофтам. Вақте ба як дорухона даромадам, одамон зиёд дар навбат истода буданд. Дар қатор зане меистод, ки дар дасташ доруҳои зиёд дошт. Навбат ки ба ӯ расид, ба фурӯшандаи дорухона чунин гуфт:

— Писарам, ҳозир ин доруҳоро аз дорухонаи шумо харида будам. Вале духтур қабул накард. Ин доруҳо намешудааст. Илтимос, доруҳоро гирифта, пуламро гардонда диҳед!

Зан калонсол буд, шояд нафақагир бошад.

Дар ҷавоб фурӯшанда гуфт:

— Холаҷон, ин доруҳо ҳамон доруҳоест, ки дар дорухат навишта шудааст. Ягон хел доруи дигар нест. Ҳамон духтурро биёред, ман мефаҳмонам.

Вале харидорзан такрор ба такрор мегуфт, ки “духтур қабул накард, аз дигар дорухона гирифтанам лозим будааст”.

Аз ин ҳолат фурӯшанда ба танг омада, гуфт:

— Ман духтури шуморо медонам. Ӯ бо он дорухона кор мекунад. Барои ҳамин доруҳои дигар дорухонаҳоро қабул намекунад. Майлаш, ба шумо пулатонро гардонда медиҳам.

Ба суҳбати онҳо нафари дигар ҳамроҳ шуд:

— Чаро духтурон чунин мекунанд? Магар бемор дар харидани доруҳо озод нест? Ягон мақомоти давлатӣ нест, ки аз ин ҳолат онҳоро огоҳ кунем, то чора андешанд?

Зан пулашро гирифта, рафт. Ман ҳам доруи лозимаро наёфтам.

Одамон ҳамоно дар ин бора баҳс мекарданд.

Оё бо шумо чунин ҳолат рух додааст?

Дар ин вазъият ба куҷо муроҷиат бояд кард?

Зуҳриддин УМАРОВ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *