Бердиева озод карда шавад!

фармон медиҳад, КМ ПК Тоҷикистон дар мавриди Қаҳрмони Наврӯз

Соли равон Бӯринисо Бердиева 90 — сола шуд. Номи ин зани муборизу ҷасур тимсоли қаҳрамонӣ, зафармандӣ ва нусрат аст. Ӯ нафаре аст, ки саддҳои фӯлодини идеологияи яккатози ҳизби ҳокими шӯравиро шикаставу ба ин васила ба Наврӯзи фаромӯшшуда умри ҷовидона бахшид…

Агар соли 37 мебуд…

 1 июни соли 1983. Редаксияи рӯзномаи маъруфи «Маориф ва маданият». Ҳайати эҷодии рӯзнома бедимоғ нишастаанд. Сардабири ғаюр Бӯринисо Бердиева ҳузур надорад. Мудири шуъбаи пропагандаи Кумитаи Марказии ҲК ИҶШС И. Қаландаров ва вазири маориф Р. Додобоев зимни ҷаласа вазъи рӯзномаро  баррасӣ карда, сармуҳаррири нав- Бобо Насриддиновро муаррифӣ карданд.

-Дар ҳуҷраи бекаси ҷонишини сардабир гирд омада будем, — ба ёд меорад журналисти шинохта Дорои Дӯст, —  Қаландаров гуфт, ки Бӯринисо Бердиева дигар сардабир нест, вай нафақахӯр шуд. Аммо,- гуфт ӯ, — дар ин идора тарафдоронаш ҳастанд, агар соли 1937 мебуд, ман баъзе аз онҳоро бо дасти худам (ва ангушти ишораташро ба шакли туфангча карда, пешонии маро нишон гирифт) мепаррондам. Сипас, ба Додобоев рӯй оварда гуфт:

— Чаро шумо фаъолияти сардабирро назорат накардед?

Додобоев гуфт:

-Ман  ростӣ аз тарси ҳамин занак аз ҳамин кӯча намегузаштам. Ба маҷлисҳои ҳайати мушовараи вазорат ҳам намеомад. Охир ҳама – то аъзои Кумитаи Марказӣ феъли ӯро медонанд, касе бо вай баробар шуда наметавонад!…

Ин вақт  дар боз шуд ва Бӯринисо Бердиева намудор гардид. Ӯ лаҳзае дар остона истод ва дид, ки касе дохил даъваташ накард, “ҳа маҷлис доретон”, – гуфту дарро пӯшиду рафт…

Аз варақаи шахсӣ:

Бӯринисо Бердиева. Соли 1927 дар шаҳри Панҷакент таваллуд шудааст. Хатмкардаи шуъбаи рӯзноманигорӣ ва Мактаби олии ҳизбии назди Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ. Солҳои 1946-50 муҳаррири рӯзномаи «Барои колхози болшевикӣ»-и ноҳияи Шӯрообод ва котиби масъули рӯзномаи «Ҳақиқати Кӯлоб». Сипас тӯли се сол котиби дуюми кумитаи комсомолии вилояти Кӯлоб ва муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Ҳақиқати Кӯлоб».  Аз соли 1958 то 1961 котиби Кумитаи ҳизбии шаҳри Кӯлоб. Солҳои 1961- 1963 муҳаррири маҷаллаи «Тоҷикистон» ва аз соли 1963 то соли 1983 муҳаррири рӯзномаи «Маориф ва маданият»Аз соли 1983 нафақахӯри шахсӣ. Мукофоти давлатӣ, медалу ифтихорнома надорад…

Гузашта аз даҳони гург

Мардонагиву ҷасорат ба Бӯринисо Бердиева аз модараш Паттӣ Азизова мерос мондааст. Паттӣ нахустин зани водии Зарафшон аст, ки фаранҷиро канор гузошта, либоси низомӣ ба бар кард ва барои устувор намудани Ҳокимияти Шӯравӣ талош карда, бар зидди босмачиён мубориза бурд. То ба ҳол номи ин зани мубориз чун аввалин милитсионерзани водии Зарафшон вирди забонҳост. Паттӣ Азизова соли 1905 ба дунё омада, соли 1950 аз дунё гузаштааст. Ӯ ба қавли мардуми диёраш, «бачамур» буд. Пеш аз Бӯринисо 7 писару духтараш аз дунё гузаштаанд. Вақте Бӯринисо таваллуд мешавад, лӯлизане омада ӯро алас мекунад ва аз даҳони хӯсаи гург гузаронида ба ӯ номи Бӯрӣ – яъне гургро медиҳад, то аз марг эмин бошад. Ба ин васила метавон гуфт, ки Бӯринисо ба марг  ҳам ғалаба кардааст.

Паттӣ Азизова 2 маротиба ба шавҳар баромад ва Бӯринисо аз шавҳари аввалааш аст. Собиқадори матбуот, журналист Хайринисо Расулӣ дар ёддоштҳои худ менигорад, ки падари ҳақиқии Бӯринисо Бердиева Камолиддин Азизов зодаи деҳаи Панҷрӯд буда,  дар замони инқилоб  аз тарафи қотиле кушта мешавад ва маҳз ин боиси милиса шудани Паттӣ гаштааст. Паттӣ Азизова зани мардсифат ва нотарсе будааст. Ӯ аз ибтидо ҳунари аспсаворӣ ва гӯштингириро омӯхтааст.

Тароша аз бом

Бӯринисо Бердиева пас аз хатми Мактаби олии ҳизбӣ, сардабири нашрияи ноҳияи Шӯрообод таъин шуд, пасон котиби комсомолӣ, котиби ҳизбӣ ва корманди рӯзномаи “Ҳақиқати Кӯлоб” ҳам буд, аммо номи ӯ ҳамчун як шахсият, сардабири нотарсу кордон пас аз таъин шудан ба вазифаи муҳаррири маҷаллаи “Тоҷикистон” вирди забонҳо шуд.

-Тобистони соли 1961, — мегӯяд дар яке аз мусоҳибаҳояш Бӯринисо Бердиева, — маро ба ҷойи шоири маъруф Абдусалом Деҳотӣ муҳаррири маҷаллаи “Тоҷикистон” таъин карданд. Аммо ходимони маҷалла ба омадани ман мухолифти сахт нишон доданд. Ҳатто Ҷумъа Одина, ки корманди маҷалла буд, маро гуфтааст: “Аз бом тароша афтид”.Ва Бӯринисо дар коллективи комилан мухолиф ба кор сар мекунад.

Вақте Бӯринисо ба кор оғоз мекунад, вазифаи асосии ӯ сарҷамъ кардани коллектив буд. Бинобар ин дар маҷлиси аввал мегӯяд:

-Медонам, касе аз омадани ман хурсанд нест! Медонам, ман ҷойи устод Деҳотиро гирифта наметавонам, Медонам, ман ҷавонаму таҷрибаи кофӣ надорам. Аммо дигар илоҷ нест. Мо бояд якҷоя кор кунем. Биёед, ба як қарор меоем: Даҳ рӯз ҳалол кор мекунем ва бист рӯз истироҳат.

Маҷалла масъалаҳои доғи рӯзро мавриди баррасӣ қарор медод. Бинобар ин теъдоди нашраш рӯз аз рӯз зиёд мешуд, аммо ба бархе нафарони муғриз, ки мансабҳои баландро забт карда буданд, Бӯринисо Бердиева маъқул набуд. Бинобар ин бо сабаби мушкилоти камчинии қоғаз нашри маҷалларо боздоштанӣ шуданд. Аммо Бердиева ба корхонаи истеҳсоли қоғази “Шарқи дур” , ки дар шаҳри Иркутск ҷойгир буд, алоқа барқарор карда,  як вагон қоғаз мегирад, то маҷаллаашро муттассил нашр кунанд. Аммо бо вуҷуди ҳамаи ин, соли 1963 маҷаллаи “Тоҷикистон” баста мешавад ва Бердиева бекор мемонад…

“Маориф ва маданият”

 Бекор мондаи Бердиева ба ҳар ҳол ҷоиз набуд. Инро  мансабдорон хуб медонистанд. Бинобар ин, ба Бердиева боз ҳам ягон ҷое мекофтанд, ки обрӯяш ду пул шавад.  Ӯро ба редаксияи рӯзномаи соҳавии “Маориф ва маданият” мефиристанд , ки ба гуфти худи Бердиева он замон ҳамагӣ  500 нусха  тираж дошт.

-Ман хуб дарк мекардам, ки идораи рӯзномаи “Маориф ва маданият” барои ман ҷойи муносиб нест, — ба ёд меорад Бӯринисо Бердиева, — Кормандонаш дар ҳирфаи рӯзноманигорӣ он қадар босалоҳият набуданд ва ба қавле аз таги “чиҳил дор гурехтагиҳо”- ро дар он ҷамъ оварда буданд.

Қаҳрамони Наврӯз

Бердиева санаи 8 марти соли 1963 ба кор омад, яъне дар арафаи ҷашни Наврӯз. Аммо он замон ба ҷурми хурофотӣ будан, ҳатто гирифтани номи Наврӯз ҷоиз набуд.  Ӯ муддати 1 сол  ҳайати редаксияро ба тартиб даровард. Кадрҳои навро ба кор ҷалб кард ва рӯзномаро дар миқёси ҷумҳурӣ шинохта намуд ва баъди 1 сол барои ҷашнгирии Наврӯз ва эҳёи он нақша кашид.

Аммо ӯ наметавонист худсарона ба ин амал даст занад. Бинобар ин фикр карда, ба Абдулаҳад Қаҳҳоров – раиси Шӯрои вазирони РСС Тоҷикистон занг зад ва хоҳиш намуд, ки барои шумораи идона бахшида ба ҷашни Наврӯз мақола нависад. Қаҳҳоров ҳам қотеъона талаб кардани Бердиеваро дида, ҳатто аз пайи он нашуд, ки оё ӯ иҷозати Кумитаи Марказиро гирифтааст ё не, балки аз пайи навиштани мақола шуд ва 21 марти соли 1964 шумораи ҷашнии рӯзномаи “Маориф ва маданият” аз чоп баромад. Чопи саҳифаи вижаи наврӯзӣ дар ин нашрия дар ҷумҳурӣ ғулғула афканд. Ин қадами Бердиева на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар давлатҳое, ки Наврӯзро ҷашн мегиранд – Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Қирғизистон низ ғулғула афганд.

Роҳбарони вақти ҷумҳурӣ аз ин амали Бердиева сахт ба ғазаб омада, ӯро дар Кумитаи Марказӣ мавриди баррасӣ қарор доданд. Худи Бӯринисо Бердиева ин лаҳзаро чунин нақл кардааст:

— Искандар Қаландаров — мудири шуъбаи ташвиқу тарғиб ва  котиби идеологӣ маро ҳамчун душмани ғояҳои ҳизбӣ чунон сахт маҳкум карданд, ки дар умрам чунин танқиду таҳдидҳоро нашунида будам. Сипас, навбати баҳодиҳии Муҳаммадуллоҳ Холов – раиси Президиуми Шӯрои Олӣ ва Абдулаҳад Қаҳҳоров – раиси Шӯрои вазирон расид. Холов пас аз хеле сарзанишам пешниҳод кард, ки ба ман огоҳии ҳизбӣ диҳанд. Навбат ба Абдулаҳад Қаҳҳоров мерасад. Қаҳҳоров марди ҷасуре буд ва фикрҳояшро озод ироа мекард. Ӯ аз ҷой баланд шуда мегӯяд:

-Рафиқони азиз, биёед ба тақдири зиёиёне, ки ғами миллатро шояд аз ману шумо камтар намехӯранд, сарсарӣ нанигарем. Ман низ шумораи наврӯзии «Маориф ва маданият»-ро пурра хондам. Ба ҳайати рӯзнома ташаккур,  ки ин қадар заҳмат кашида, андешаҳои аҳли фарҳангро дар боби робита надоштани ҷашни бостонии Наврӯз ба дин дастраси хонандаҳо гардондаанд. Муҳтарам Иван Григоревич  (ба И. В. Ковал-котиби дуюми КМ ҲКТ муроҷиат карда ), ман ба шумо пеш аз ин ҳам хоҳиши мардумро фаҳмонда будам ва ҳоло боз хоҳиш менамоям, барои минбаъд чун ҷашни миллии хоси тоҷикон ба расмият даровардани Наврӯз мусоидат намоед.

Ӯро ноҳак ҷазо надиҳед. Ӯ ба Маскав рафта, метавонад аз худ ҳимоят кунад. Аз ёд набарорем, ки кадрро саркӯб кардан осон аст, ба камол расондан душвор…

Ҳамин тавр Бердиева бо пуштибонии Қаҳҳоров ва Расулов наҷот ёфт. Аммо шумораи ҷашнии Бердиева номи ӯро дар саҳифаи таърих, абадан чун эҳёкунандаи ҷашни Наврӯз дар замони шӯравӣ сабт кардааст. Ӯ бемуҳобо қаҳрамони Наврӯз аст.

 Минбари осиён ва сипари ёғиён

Дигар амале, ки номи Бӯринисо Бердиеваро абадӣ кардааст, ин нотарсида, минбар додан ва ба кор қабул кардани нафарони “ради маъракашуда”-и замон буд.

 СОТИМ УЛУҒЗОДА —  нависандаи маъруф, устоди забардасти адабиёт, яке аз чунин нафароне буд, ки пас паноҳгоҳи сиёсӣ гирифтани писараш Азиз ӯро “радди маърака” карданд. Асарҳояшро чоп намекарданд, маҷаллаву рӯзномаҳо ба ӯ минбар намедоданд.

Аммо Бердиева ба ӯ минбар дод. Нахуст, ҳикояи “Марги Ҳофиз”-и Улуғзодаро нашр кард. Пасон драмаи “Алломаи Адҳам ва дигарон”-ашро дар чандин шумораи рӯзнома мудаввом чоп намуд. Варианти нави “Ривояти суғдӣ” ва тарҷумаи “Гамлет”-ро ҳам аз Улуғзода нашр намуд. Ҳатто соли 1982 бахшида ба 70 — солагии Сотим Улуғзода шумораи махсус баровард.

ҒАФФОР МИРЗО – шоири машҳур низ пас аз як нофаҳмӣ аз сафи ҳизб хориҷ ва роҳҳо барояш баста шуданд. Бердиева ӯро наздаш хонд ва ҷиддӣ суҳбат кард. Гуфт: “Мард бошу машикан”. Ва шеърҳояшро пайваста нашр мекард. Ҳатто талоши зиёде кард, ки ба сафи ҳизб барқарор шавад. Дар ин замина ҳаттӯ ӯ боре бо устод Мирзо Турсунзода тую ман мекунад. Адабиётшинос Юсуфи Акбарзод як воқеаи ҷолибро нақл мекунад. Боре зимни як ҷаласа Бердиева бо Турсунзода баҳс мекунанд. Зимни баҳс Бердиева ба шӯр омада, мегӯяд:

-Шумо будед, ки Сотим Улуғзода ва Ғаффор Мирзоро аз узви ҳизб бароварда, асарҳояшонро чоп намекардед. Ман будам, ки баъди чандин соли маҳкумият асари Улуғзодаро чоп кардам. Ман ифтихор мекунам, ки баъди хориҷ кардани Ғаффор Мирзо аз узвияти ҳизб асарҳои ӯро танҳо ман чоп кардам ва имрӯз аз нав ба узвияти ҳизб барқарор шудаву дар ин толор бо сари баланд нишастааст.

 Касе аз аҳли толор ҷуръат намекард, ки ба Бердиева ҷавоб гардонад ё ӯро боздорад. Билохира тоқати Турсунзода тоқ шудаву мегӯяд:

-Ҳайфи «Маориф ва маданият», ки шумо барин сармуҳаррир дорад!

Бӯринисо Бердиева ҳам дар ҷавоб шартӣ мегӯяд:

 — Ҳайфи Иттифоқи нависандагон, ки шумо барин раис дорад!

Ин ҳодиса ба ақл намеғунҷад. Дар он замон кӣ ҷуръат мекард, ки бо Турсунзода бо чунин оҳанг ҳарф занад ва ин ягона ҳолат нест.

 ҶУМЪА ОДИНА – зиндагӣ ва эҷодиёти ин нависандаи боистеъдод ва ҷавонмарги тоҷик бисёр дардолуд аст. Ӯ ҳам қурбони сиёсати замон шуд ва барои “иштибоҳҳои сиёсӣ”-аш дар романи “Гузашти айём” радди маърака. Аммо Бӯринисо Бердиева на танҳо ӯро ба кор гирифт, балки сафед ҳам кард. Пеш аз он ки ба қазияи Ҷумъа Одина бирасем, ибтидои муносибати ӯро бо Бердиева мехоҳам ёдовар шавам.

 Чӣ тавре дар боло ишора шуд, Ҷумъа Одина муқобили муҳаррир шудани Бердиева ба маҷаллаи “Тоҷикистон” буд ва ӯро “аз бом тароша” номида буд. Худи Бердиева дар ин маврид гуфтааст:

—  Ҳангоме ки ман вориди идора (маҷаллаи “Тоҷикистон” дар назар аст) мешудам, Ҷумъа Одина пушташро ба ман мекард, ба саломам алейк намегирифт, дароз кашида хоб мерафт. Касеро ҳам писанд намекард. Ин хислатҳои вай ба Абдуссалом Деҳотӣ низ хуш наомада буд, ки ҳангоми аз маҷалла рафтан ӯ ба ман гуфт:

-Пайи пойи ҳаминро аз маҷалла гум кун!

Ҷумъаи Одина, Худо раҳматаш кунад, маро бисёр азоб дод. Рӯйи диван мехобид, саломуалайкро намедонист. Он гоҳ ман ҳам барояш чунин мегуфтам:

-Ҷумъа! Имшаб бо кадом духтарҳо будӣ, ки аз хоб мондаӣ. Хез, аз ҷоят баланд шав, навбати нишастани мо ҳам расидааст. Саломуалайкро ҳам намедонӣ. Маълум мешавад, ки бесабаб лақаби қишлоқи шумо «гов» набудааст. Гов ҳақиқатан говигариашро мекунад: аз ҷоят намехезӣ, саломуалайкро ҳам намедонӣ, ҳарчанд ман дар синну сол аз ту бузургтарам…

Баъд мутаваҷҷеҳ шудам, ки Ҷумъаи Одина зан надорад, бесарупо ва дағал низ ҳаст, аммо одами тоза. Ман аз корҳои беадабонаи вай дилтанг нашудам.

Баъди воқеаи “Гузашти айём” Бердиева Ҷумъа Одинаро мардонавор дастгирӣ кард, ӯро сафед намуд.

Моҷарои “Гузашти айём” чунин буд, ки ибтидо он дар маҷаллаи “Садои Шарқ” чоп шуда, пасон ба шакли китоб аз чоп мебарояд. Аммо пас аз нашри китоб ба нависанда ҳуҷум карда, романро маҳкум карданд ва китобро аз мағозаҳо ҷамъ карда, нобуд намуданд. Убайд Раҷаб, сармуҳаррири маҷаллаи “Садои Шарқ”-ро низ барои нашри роман аз вазифа сабукдӯш намуданд. Дар ҳамин айём ба идораи рӯзномаи “Маориф ва маданият” тақризи интиқодии мунаққид Атахон Сайфуллоев меояд. Ин дам касе ёдовар мешавад, ки қаблан Сайфуллоев ба ин роман тақризи мусбат дода, онро ба чоп тавсия карда буд. Бердиева нақш мекунад:

-Дарҳол ба Ҷумъа Одина гуфтам:

-Ҳамон тақризи мусбати Атахон дар мавриди китоби “Гузашти айём” дар ёдат ҳаст? Онро дар даст дорӣ?

-Оре. Чӣ кор мекунед?

-Ту онро биёвар ва корат набошад, ки ман бо он чӣ кор мекунам.

Ҷумъа Одина ҳам тақризро меорад ва Бердиева ҳар ду мақоларо дар як шумора рӯ ба рӯ чоп мекунад. Ду назари мухолиф аз як муаллиф. Дар яке романро таъриф мекунад, дар дигаре ба хоки сиёҳ яксон.

Дар баробари ин, Бердиева Ҷумъа Одинаро зери қанот гирифта буд. Ӯро аввал дар идораи “Маориф ва маданият” ба сифати тарҷумон кор гирифту баъди чанде мудири шуъба таъин кард.  Вақте муовини муҳаррир ба кори дигар гузашт, Бердиева ӯро муовини худ таъин кард. Вале аз Кумитаи Марказӣ иҷоза надоданд.

-Ҳар касеро мехоҳед пешниҳод кунед, вале ман фармон содир намекунам,-мегӯяд ӯ.

Ҳамин тавр, Ҷумъа Одина то охири умраш иҷрокунандаи вазифаи муовини муҳаррири рӯзнома буд.

Рӯзи марги Ҷумъа Одина аз ҳама беш, Бердиева сӯхт. Зеро ӯ дар вақти кор, дар редаксия газета ҷон дод. Бердиева зери сари ӯ бастаи рӯзномаро монду рӯяшро бо газета пӯшонид. Пасон дар як мақола навишт:

“Аз як сухани Ҷумъаи Одина, ҳамеша чашмонам ғарқи об мешавад: «Апа, синну соли шумо ба нафақа наздик шудааст, мо сағираҳо чӣ кор мекарда бошем?»

Ин сухани марди чилунуҳсола аст. Сухани адибест, ки муаллифи чандин китоб буда, ба таълифи романи «Искандари Мақдунӣ» оғоз карда, орзу дошт, ки ду ҷилди нави романи «Гузашти айём»-ро нависад! Сухани мардест, ки аз муҳити ифлос ба танг омада, сару ҳисоби зиндагиашро гум карда, аз ояндаи торики худ ба даҳшат уфтода буд.”

Рӯзи маргаш ҳам бо садои ҷонгудоз гуфт:

-Ҷумъа Одина, туро куштанд! Мо ҳамеша адибкушӣ кардаем! То ба кай адибкушӣ мекунем? Акнун ба худ оеду бас кунед! Ба хотири халқу миллат, ба хотири боло бурдани илму маърифат муттаҳид шавед…

 Расулов: Ба Бердиева нарасед!

Чунин амалҳои ҷасуронаи Бӯринисо Бердиева зиёд аст ва метавон доири он сафҳаҳо навишт. Аммо суоле ин ҷо сар мезанад, ки чаро ӯро барои чунин корҳояш, ки он замон табӯ буданд, аз вазифа сабукдӯш накарданд. Чаро?

Ба ақидаи аксари ҳамкасбонаш сабаби аслӣ дутост: якум, Бердиева аз аъмоли пасипардагии аксари онҳое, ки бар ӯ бояд ҳукм кунанд, нағз огоҳӣ дошт. Дараҷаи савод, пояи ахлоқ ва хостҳои онҳо барояш ошкор буд. Метарсиданд аз теғи забони ӯ. Худо нокарда бо ӯ сахттар даргир шаванд, бешак фош хоҳанд шуд.  Дувум, Котиби аввали Ҳизби коммунист Ҷаббор Расулов,  шахсияти Бердиеваро хуб мешинохт ва низ аз ҳоли зердастони худаш огоҳ буд, ду-се бор шикоятномаҳоро хонда ва бар асоси матлаб пай бурда, якбур кардааст: «Ба Бердиева нарасед, монед кор кардан гиред!»

 Калӯши кӯҳна дар по…

Пас аз ба нафақа баромадан Бердиеваро дигар суроғ накарданд, ӯ ҳам ба касе сар хам намекард ва назди касе барои кӯмак намерафт. Бо овардани чанд  мисраъ шеъри Бозор Собир, ки ифодакунандаи лаҳзаҳои охири умри Бӯринисо Бердиева аст, ба навиштаи худ поён мебахшам.

Баъд он зани беҳтарин куҷо шуд?
Он пайкари нозанин куҷо шуд?
Он сангари шоирони ёғӣ,
Он маъмани олимони осӣ?

Ду панҷаи сар сафед чун барф,
Як ҷуфт калӯши кӯҳна дар пой,
Аз хона ба хона гушна мегашт
Дар барфи баланди кӯчаю лой.

Охир, ба ҳамин қарибӣ гуфтанд,
Дар гӯшаи ошёнааш мурд
Аз гушнагӣ Қаҳрамони Наврӯз…

 Одили Нозир

«Тоҷикистон» №50, 2017

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *