Ситорабазм дар “Нyatt-regency” (аксҳо)

Шоми 18-уми декабр дар меҳмонхонаи “Нyatt-regency” барномаи солинави бо номи “Ситорарези дай” баргузор гашт. Ташкилкунандаи барнома Диловари Мизроб ва Раҷ Аҳмад тамоми меҳмонон, рӯзноманигорон ва сарояндагонро дар толор пешвоз гирифта, бо фарораси солинави мелодӣ табрик намуданд.

Ровиёни базм Беҳруз Насриддинов ва Гуландомбону кулли меҳмононро хайрамақдам намуда, маҳфилро дастаи рақсии “Падида”  ҳусни оғоз бахшиданд.

Дар базми солинавӣ тамоми ҳунармандони эстрадаи тоҷик аз қабили примадонаи саҳнаи тоҷик Сурайё Қосимова, Шабнами Сурайё, Фарзонаи Хуршед, Фаридуни Хуршед, Суруш Холов, Мино, Гулрӯ Табарова, Зайнура Пӯлодова, Фирӯза Ҳафизова, Зафар Абдуалимов ва Фарангиси Дунё ширкат варзида, бо таронаҳои марғуби ошиқона хотири меҳмононро шод гардониданд.

Хонандагони азиз! Сӯҳбати хабарнигори моро бо ҳунармандони ҷиллодор Сурайё Қосимова, Шабнами Сурайё, Фарзонаи Хуршед ва Фирӯза Ҳафизова мутолиа кардан хоҳед, шумораи соли навии ҳафтаномаи “Оила”ро ҷӯед, ёбед, хонед!

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *