Биҳоҷал Раҳимова: Восток дело тонкое…

Суҳбати ошкоро бо собиқ ҷонишини сарвазири СССР

(шакли комили мусоҳиба) 

Биҳоҷал Раҳимова… Ин ном дар замони Шӯравӣ ба хурду бузург ва элитаи сиёсии вақт ошно буд. Ӯ якумин ва ягона тоҷикест, ки дар вазифаи ҷонишини сарвазирии ИҶШС адои вазифа кардааст. Дар оғози соҳибистиқлолии Тоҷикистон низ яке аз чеҳраҳои мавриди назар буд, аммо ба мансабҳои баланд нарасид ва аз сиёсати бузург то андозае канор рафт…

Пеш аз он ки ба хонаи ӯ, барои суҳбат равам китоби энсиклопедии «Бонувон дар сиёсат» (зери назари ҷонишини ҲХДТ, профессор Р. Бобоҷониён) –ро варақ задам, аммо зиндагиномаи Биҳоҷал Раҳимоваро  он ҷо пайдо накардам. Муаллифон сиёсатмадори машҳури асри гузаштаи моро фаромӯш кардаанд…

Зани резапайкару чаққон, бо либосҳои тоҷикӣ, рӯймол ба сар,  маро пешвоз гирифт. Хона одӣ, гилемҳои обшуста,  ҷевонҳои куҳнаи озода, сувенирҳои гуногуну китоб ва мизу курсӣ ҷиҳози хонаи собиқ ҷонишини  Сарвазири СССР  буд, ки маро дар ҳайрат гузошт. Тариқи телевизион оркестре   «Фаслҳои сол»-и Чайковскийро  мохирона иҷро мекард.

-Гумон намекардам, ки шумо дар чунин шароити одӣ зиндагӣ мекунед, — риштаи суханро ба даст гирифтам.

-Чаро? Ман аз чизе танқисӣ намекашам, – бепарво посух гуфтанд эшон ва идома доданд:  — Чӣ гуна зистан ба сатҳи маърифат, тарбия ва ҷаҳонбинии инсон рабт дорад. Мо дар шароитҳои сангин ба воя расидем. Падарам баъди ҷанг фавтиданду мо фақат меҳнати модарамро дидем.  Ҳатто  бародарам, шавҳари сиёсатмадор Мағфират Каримова ба хотире, ки сарбории модарамро кам кунанд, маро ба Душанбе бурданд. Аммо баъдан, вақте қариб забони тоҷикиро гум кардам, маро ба Хуҷанд оварданд ва дар ин ҷо мактаби миёна ва институтро бо ихтисоси муҳандис- электромеханик хатм кардам ва дар комбинати қолинбофӣ ба кор пардохтам.

-Чӣ шуд, ки як муҳандисдухтар ба вазифаҳои ҷамъиятиву сиёсӣ ҷалб шавад?

-Он солҳо тарбияи кадрҳо яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор мерафт. Баъдан, тарбияи ғоявию сиёсии ҷавонон дар сатҳи ниҳоят баланд буд. Мани муҳандисро комсомол шинохт ва ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалб кард. Мо, мутаассифона, анъанаи замони шӯравиро натавонистем идома диҳем ва имрӯз дар ин масъалаҳо мушкилоти зиёд дорем. Мо метавонем даҳҳо соли ҷавонон,  даҳҳо чорабиниии дигар эълон кунем, аммо ҷойи комсомолро чизе гирифта наметавонад.

-Магар имрӯз, дар ин замон, эҳёи комсомол имкон дорад?

-Албатта! Фақат онро фикр карда, ба замони нав созгор намуда, сохтан лозим. Аммо мо месозему мепартоем, тоқат намекунем, ки самар орад. Шояд баъзеҳо бигӯянд, ки мо Кумитаи ҷавонон дорем. Аммо  ин кумита ниҳоди давлатист, ки пулҳои ҷудошударо барои гузаронидани чорабиниҳо сарф мекунад. Кумита тарбия намекунад. Мутаассифона, касе имрӯз ба ҷавонон машғул намешавад. Дирӯз бо як писарак, ки дар мактаби президентӣ мехонд, суҳбат кардам. Бинам сатҳи саводнокиаш бисёр суст. Пурсидам, ки бачем чаро дониши ту ин қадар суст? Ӯ гуфт, ки мо дарс намехонем, фақат ба чорабиниҳо тайёрӣ мебинем. Ман дар ҳайрат монда, пурсидам, ки чӣ тавр? Охир он қадар медалу ифтихорномаҳо аз куҷост? «Ба мактаби мо аслан аз дигар мактабҳо меоянд ва потенсиали асосии мо ҳамон меомадаҳо ҳастанд. Шумо агар дониши мактабхонҳои моро фаҳмидан хоҳед, бо онҳое суҳбат кунед, ки аз аввал дар он ҷо таҳсил мекунанд, — посух дод он писар. Бубинед,  механизми мо худфиребӣ аст. Шояд барои ин ҳарфҳо маро танқид кунанд, аммо касе бояд ин гапҳоро гӯяд. Албатта, мо ба қарибӣ ҷанги шаҳрвандиро пушти сар кардем. Тамоми системаи мо дар ҷанг хароб шуд. Ягона маҳсулоти содиротмекардаи мо дар замони шӯравӣ пахта буд, ки иқтисодиёти мо дар болои он меистод.

— Мутаасифона имрӯз ҳамон пахтаро ҳам надорем…

-Бале! Мо дар дохили кишварамон барои пахта системаи зурурӣ сохта наметавонем, ки корхонаҳо кор кунанд.  Касе кор кардан намехоҳад, ин  онро фиреб медиҳаду  он инро. Пионер, комсомол ва баъдан коммунист ин сиёсати ояндабинии ҳукумати шӯравӣ буд. Вақте дар комбинат кор мекардам, хеле фаъол будам, забони русиро медонистам, бинобар ин маро аъзои кумитаи комсомолии комбинат карданд. Дар яке аз конфронсҳо Макаров ном котиби дувуми КМ комсомоли СССР  омад ва ман дар он баромад кардам. Баъди ин Макаров назди Бобосодиқова омада мегӯяд, ки он ҷо як духтарак ҳаст, ӯро ҷалб кунед ва ҳамин тавр роҳи ман ба корҳои ҷаъиятӣ боз шуд.  Баъди чанде маро котиби аввали Кумитаи комсомол дар ноҳияи Марказии пойтахт таъин карданд. Медонед, ман боре бевосита ба ин вазифаҳо талош накардаам. Сиёсати Ҳукумат он замон чунин буд, ки аввал одамро меомӯхтанду баъдан ба вазифае таъин мекарданд. Ман ҳам ҳаётамро барои кор сарф мекардам. Ҳатто вақте маро аз Шӯрои Олӣ хостанд ба вазифаи котиби КМ таъин кунанд, Дедов маро барои машварат ҷеғ зада, гапро аз дур сар кард ва пурсид ки чанд фарзанд доред. Ман гуфтам ду духтар. Ӯ суол кард, ки оё боз фарзанддор  шудан мехоҳед? Ман гуфтам шояд. Аммо ӯ ҳам бо рамз гуфт, ки шумо бояд кор кунед, Кумитаи Марказӣ ҷойи ҷиддист. Бовар мекунед, баъди ин ман дигар таваллуд накардам, зеро талаботи замони Шӯравӣ чунин буд. Ва ин иштибоҳи калони зиндагии ман аст. То кор рафтан ба КМ ман он ҷойро муқаддас медонистам.  Чунин буд сиёсати шӯравӣ. Кадрро тарбия ва назорат мекарданд.

Дирӯз ман бо як гурӯҳ занҳои лидер лексия хондам.  Дар оғоз суол кардам: «Оё касе аз шумо филми «12 соли интизорӣ»-ро дидааст?» Касе тамошо накардааст. Ҳайрон шуда, гуфтам, ки шумо чӣ гуна роҳбаред, ки  филм тамошо намекунед? Тарбияи фарҳангӣ намегиред, ки шуморо ин ҷо ҷамъ кард? Онҳо ҳатто намедонистанд, ки онҳоро кӣ даъват кардааст ва чаро омадаанд. Барои ҳамин мо бояд аввал онҳое, ки интихоб мекунанд, онҳоро интихоб кунем ва дуруст интихоб кунем.

-Шумо дар охирин лаҳзаҳои ҳастии ИҶШС ҷонишини сарвазир будед ва ягона тоҷике ҳастед, ки дар ин вазифаи баланд расидед. Чӣ буд, ки маҳз шуморо лоиқи ин вазифа донистанд?

-Маро дар Маскав мешинохтанд. Дар интихоботи аввалини депутатҳо тариқи ҷамъиятҳо мо 6 нафар занон номзадии худро гузоштем. Ман Адолат Қосимова, Мавҷуда Ҳакимова, Зебунисо Рустамова, Қаландарова. Баъд аз баромадҳо маро депутати Шӯрои Олии ИҶШС интихоб карданд. Дар съезди аввалин маро ба комитети занҳо қабул карданд. Дар вақти депутатиам маро ба Душанбе даъват карда, котиби КМ таъин карданд. Ҳамон сол яксолагии баргузории ҳаводиси хунини февралӣ буд. Бинобар ин, мо хона ба хона мегаштем ва ба зарардидагон кумак менамудем. Ҳамон рӯз маро ба Маскав ҷеғ заданд. Вақте рафтам, Горбачёв маро даъват кард ва пешниҳод намуд, ки ҷонишини сарвазир шавам.  Ман розӣ нашудам. Аммо ӯ исрор карда, гуфт: «Биҳоҷал, ИҶШС танҳои хонаи ман нест!» Ман ба Горбачёв ваъда кардам, ки пас аз машварат бо Ҳукумати Тоҷикистон ва шавҳарам посухамро мегӯям. Вақте Душанбе омадам, ҳама далолат мекарданд, ки қабул кунам.  Оқил Оқилов мегуфтанд, ки Биҳоҷал як рӯз ҳам бошад равед, аз тоҷикон касе дар ин вазифаи баланд кор накардааст. Ва ман ҳам рафтам ва маро ҷонишини сарвазир таъин карданд. Дар Шӯрои Олии ИҶШС зиёда аз 400 депутат буд ва танҳо 44 нафар бар зидди ман овоз доданду боқӣ ҳама тарафдор.  Баъди ба кор шурӯъ карданам, як нафар аз кормандони Шӯрои Олӣ гуфт, ки аз 44  нафар зидбудагон 16 нафарашон намояндагони Тоҷикистон буданд. Дилам таҳ зад. «Восток дело тонкое» — асрори ин мақолро ҳамон замон дарк кардам. Мо  принсип надорем, ҳамеша метавонем тағйир ёбем, фирефта шавем.

-Шумо вақте ҷониши сарвазир шудед, ИҶШС вопасин рӯзҳои худро паси сар мекард. Оё шумо пошхӯрии давлатро эҳсос мекардед?

-Бале, аммо фикр намекардам, ки ин қадар зуд.

Кӣ боиси барҳам хӯрдани Иттифоқи Советӣ шуд?

-Мансабталошии Горбачёву Елтсин ва дахолати хориҷиҳо.

-Шумо баъди пошхӯрӣ бо Горбачёв вохӯрдед?

-Бале. Вай маро борҳо ҷустуҷӯ кард. Ҳатто як маротиба дар Душанбе дар хона бо Майсара Калонова менишастам, ки Горбачёв занг зад. Ӯ мегуфт, ки чаро рафтед? Баргардед, ман  шуморо дар дастгоҳи ҳукумати Русия ба кор таъмин мекунам. Аммо ман рад кардам.

Воқеан, чаро шумо Маскавро раҳо карда, ба Душанбе омадед?

-Охир ман намояндаи Тоҷикистон будам. Баъдан, вақте Ҳукумат барҳам хӯрд, кабинаи вазирон ба истеъфо рафт, мо бекор мондем. Аммо моро наронда буданд. Ҳар рӯз кор мебаромадем, маош мегирифтем, мошину хонаамон ҳамон буд. Баъдан, дар баробари пошхӯрии СССР Комитети байнидавлатии иқтисодии ИДМ-ро бунёд кард ва маро дар он ҷо ба вазифаи роҳбари шуъбаи ҳамоҳангсозии барномаҳои иҷтимоии ИДМ таъин карданд. Ман ба кор сар кардам, аммо сару нӯги кор набуд. Баъдан, ҳис кардам, ки аз Тоҷикистон маро намехоҳанд, бигзор дар Маскав кор кунам. Ҳатто аз Совети Вазирони Тоҷикистон Ҳаёев агар ба Маскав меомад, маро надида мерафт. Дигарон низ чунин рафтор мекарданд. Ман то ҳол сабаби чунин муносибатро намедонам. Бинобар ин, калиди хонаву бӯстонсаро ва мошинамро супорида, аз вазифа истеъфо дода, ба Тоҷикистон баргаштам.

-Агар шумо ҳоло Горбачёвро бинед, чӣ мегӯед?

-Ман хеле афсӯс мехӯрам, ки шумо натавонистед Шӯравиро нигоҳ доред, зеро аввал референдиум дар мавриди нигоҳ доштани шӯравӣ баргузор гардид. Баъдан, ҷаласаи ГКЧП буд. Ҳатто ман хостам суол диҳам, аммо Лаверов — ҷонишини сарвазир оид ба саноати атомӣ, ки дар Табошар ҳам кор кардааст, нагузошт. Ва ман  шукр мекунам, ки чизе нагуфтам ва бо сари баланд ба Ватанам баргаштам.

-Аммо бубинед, дар баробари пошхӯрии Шӯравӣ ғояи зиндагиву ҳаёти шумо, ки коммунисти асил будед, барҳам хӯрд. Он замон чӣ эҳсос мекардед?

-Хеле  бад. Илова бар ин, ман вақте ба Душанбе баргаштам, 4  моҳ бекор будам. Ҷанг сар шуд, ҳеҷ кас намепурсид, ки ту кистӣ, кӣ будӣ, кӣ шудӣ? Ягона касе, ки дар он вазъи  майдоннишиниҳо аз ҳоли ман мепурсид, Ойниҳол Бобоназарова буд. Моҳи апрел маро ҷонишини вазири саноат таъин карданд. Ин вазорат нав буд ва ман дар масъалаҳои иқтисодиёт таҷриба доштам.

-Аммо чаро ҳамагӣ як сол кор кардеду халос?

-Гӯё кор кардам. Ҳамон сол вақте ман ҳамчун ҷонишини вазири саноат ба Заводи алюминий рафтам, газетаи «Растохез» дар бораи ман мақолаи калон навишт, ки Биҳоҷал Раҳимова дар завод маҷлиси партиявӣ мегузаронад. Он солҳо якбора назари мардум нисбати коммунистон бад шуд. Кор кардани ман ниҳоят душвор буд. Ҳар рӯз аз кумитаи бехатарӣ занг мезаданд, ки муаллима имрӯз шумо берун набароед, кор наравед. Аз майдони «Шаҳидон» убур мекардам, ҳама ҷониби ман бо нафрат менигаристанд, яке мегуфт «коммунист омад», дигараш «ленинободӣ».  Ҳатто мегуфтанд, «коммунистҳо ин қадар сол моро ҷӯшида хӯрданд».  Баъзе вақт ҷамъ шуда меомаданду роҳамро бурида мегуфтанд: «Ҳа, апа, ҷӯшида хӯрдед ин қадар сол?». «Бобои ман дар ҷанг ҷон дод, шумо ленинободиҳо кайф карда гаштед».  Шумо аҳволи ман, нафареро, ки дар ин қадар вазифаҳо ҳалол кор карда омадам, шахсе ки дар ҷанг ҳам бародарам ва ҳам падарамро аз даст додам, тасаввур кунед. Ман барои ин Ватан Маскавро, шароитҳои хубро партофта омадам, аммо ба чунин рӯз гирифтор шудам. Дар чунин шароит кор кардан барои ман имконнопазир буд.

-Шумо гӯё муносибат бо Ҳизби коммунистиро чандин сол пеш дарк карда будед ва  пешниҳод намудед, то номи Ҳизби коммунистӣ тағйир дода шавад.

-Бале, вақте ки дар Маскав ГКЧП шуд, ман имкони аз шаҳр баромадан надоштам, бинобар ин ба Душанбе телеграмма фиристодам, ки аз 12 пункт иборат буд. Пешниҳод кардам, ки ҳар чӣ зудтар интихоботи президентӣ гузаронед, ҳизбро аз коммунистӣ  ба сотсиаластӣ тағйир диҳед ва ғайра. Аммо телеграммаи маро ҳатто нахонданд.

-Ин телеграмма ба номи Маҳкамов буд?

-Бале, аммо ба ӯ нарасид.

-Шумо фикр намекунед, ки беташаббусии Қаҳҳор Маҳкамов дар ҳаводиси февралӣ баъдан, боиси заъфи Ҳизби коммунистӣ ва Ҳукумат гардид?

-Медонед, Маҳкамов шахси донишманд, интеллигент ва дорои фаросату фаҳмиши баланд буд. Ӯ роҳбари дараҷаи олӣ дар замони осоишта буд, аммо дар лаҳзаҳои ҳассос ташаббус нишон дода натавонист.  Баъдан, дар замони пошхӯрии Шӯравӣ, ки ба замони роҳбарии ӯ рост омад, маҳалгароӣ авҷ гирифт. Ҳатто Насриддинов аз минбар мегуфт, ки  «Ленинободиҳо зиёд гӯшт мехӯранд, чаро мо намехӯрдем?» Дигараш даъво мекард, ки «Ленинободиҳо шир зиёд мехӯранд». Мутаассифона, маҳалагароӣ бо  пошхӯрии шӯравӣ дар як вақт рост омад. Терроризми исломӣ ҳам дар ин давра рушд кард. Дар чунин давраи ҳассос ман зид будам, ки Раҳмон Набиев президент шавад.  Он кас ба ҳамсари бародари ман хеш буданд. Ман ба зани бародарам гуфтам, ки рафта ба он кас расон ки номзадиашонро гиранд, зеро он кас давлатро идора карда наметавонанд. Ман намехоҳам, ки он касро гунаҳкор кунам, аммо медонистам, ки он кас зиёд менӯшиданд ва корҳои бенур мекарданд. Раҳмон Набивич сиёсатмадори муваффақ набуд. Баъдан, дар атрофи ӯ одамони фидоӣ ва дилсӯз кам буданд. Бештарашон карерист буданд, ҳадафи мансабталошӣ доштанд, дар чунин вазъият давлат сохта намешавад. Ноиби ӯ Дӯстов умуман сиёсатро намефаҳмид, маданияти сиёсӣ надошт. Дар он давра роҳбарони сатҳи аввали мо ҳама чунин буданд.  Албатта, дар соҳаҳои гуногун нафарони шоиста низ кор мекарданд Масалан, Ҳувайдуллоев. Вай юристи боқувват ва патриот буд. Ё Отахон Латифӣ, ки ӯ ҳам фаҳмишу фаросати хуб дошт. Аммо онҳоро куштанд.

-Шояд Набиев аз мавқеи шумо нисбати ӯ огоҳ буд, ки ӯ ба шумо вазифа надод?

-Ман вазифа талаб намекардам. Вақте омадам, Президентро хостам бинам, аммо ӯ маро қабул намекард. Ба ҳар ҳол пофишорӣ карда, ба қабулаш даромадам. Ӯ сарашро набардошта, бепарво пурсид:

-Ҳа Биҳоҷал, Шумо дуруст — мӣ?

-Ман омадам.  Чӣ кор кунам? Горбачёв даъват кард, аммо ман рад кардам, – гуфтам ман.

-Ҳамин хел — мӣ?- пурсид ӯ ва баъди каме андеша гуфт:  — Акнун ман шуморо дар ягон вазифаи дуруст монда наметавонам. Шӯрои Олӣ ҳоло барои вазифа гирифтани коммунистҳо овоз намедиҳанд. Касе тугмаи овоздиҳиро пахш намекунад.

Ин суханҳоро ба ман собиқ Котиби якуми Ҳизби коммунистӣ мегуфт.

-Шумо ба ман вазифаи бекнопкаро диҳед, – гуфтам бо қаҳр.

-Ман фикр мекунам, — гуфт ӯ ва маро гусел кард.

Ман аз ҳамон рӯз ба худ мегуфтам, ки халқи тоҷик чӣ кор кард? Киро интихоб кард!?

Баъдан, маро ба вазифаи ҷонишини вазири саноат таъин карданд.

-Аммо гуфтед, «гӯё кор кардед» ва сабаби аз кор рафтанатонро ҳам нагуфтед.

— Кор кардан нашуд. Ман муносибати сардро дида, нақшаи рафтан аз Душанберо кашидам. Шавҳарам ҳам исрор карданд, то ба Хуҷанд баргардем. Бинобар ин,  ман дар замони корам нақшаи таъсиси  Корпоратсияи давлатии металҳои рангаи Тоҷикистонро омода кардам. Оинномаашро навиштам ва ном мондам — МИРАНТО. Дар ҳамкорӣ бо директори комбинати Чкаловск  офис кушодам. Як рӯз Абдуллоҷонов эълон кард, ки маҷлиси Ҳукумат дар Ленинобод мегузарад. Ман ҳоло ҷонишини вазир будам. Баъди ҷаласа Абдуллоҷонов ба ман гуфт, ки бимонам. Мо ҳамроҳ ба як ҳуҷра даромадем, ки Ҳомидови  раиси вилоят он ҷост.

Абдуллоҷонов ба ман гуфт:

-Биҳоҷал, шумо МИРАНТО-ро акоба супоред.

Ман фикр кардам, ки ӯ бародари маро, ки номзади илмҳои техникӣ аст, дар назар дошта бошад. Бинобар ин, гуфтам:

-Намедонам он кас розӣ мешуда бошанд ё не?

Абдуллоҷонов ҷониби Ҳомидов, ки қудояш буд, нигариста пурсид:

-Ако, шумо розӣ — мӣ?

 Ҳомидов бепарво гуфт:

-Бале, чиба не!

Ман пурсидам, ки баъд ман чӣ кор мекунам?

— Шумо ба ман мушовир шуда,  ба ҷумҳурӣ меравед, – гуфт Абдуллоҷонов.

-Ман дигар ба ҷумҳурӣ барнамегардам. Вазъияти оилавиам имкон намедиҳад, — гуфтам ман.

 -Хайр набошад, ба ин кас, — ба Ҳомидов ишора кард Абдуллоҷонов, — мушовир мешавед?

-Яъне ӯ шуморо ҳатто ба муовинӣ пешниҳод накард?

-Бале. Ман ҳам фикр мекунам, гуфтаму назди бародарам рафтам. Ӯ тавсия дод, ки розӣ шавам, зеро дигар ба ман вазифае намедиҳанд. Ман ҳам розӣ шудам.

-Ҳамин тавр роҳи шумо ба сиёсат баста шуд?

-Не. Роҳи ман ба сиёсат баста нашуд, аммо нагузоштанд кор кунам. Афсӯс мехӯрам, ки потенсиали ман, таҷрибаи ман истифода нашуд. Агар имконият медоданд, ман бештар хизмат карда метавонистам.

-Баъд аз ба нафақа баромаданатон, роҳбарияти имрӯза, сиёсатмадорон дар ягон мавзӯъ аз шумо машварат мегиранд?

-Агар нагиранд, худам даромада меравам ба наздашон. Хушбахтона, раисони вилояти мо шахси кордон ва хубанд. Масалан ба наздикӣ амалиёти «Ҳиҷоб» шуда гузашт. Ман андешаҳои мардумро гӯш карда, ба назди Абдураҳмон Қодирӣ рафта, гуфтам ки аввал фалон ва фалон мансабдорро гӯед ҳиҷоби занашонро гиранд, то ки мардум пайравӣ кунанд. Ҳамин тавр. ман ҳамеша дар мавриди зарурӣ андешаҳоямро мегӯям.

-Шумо дар як мусоҳиба гуфтед, ки иштибоҳи асосии ман дар замони роҳбариам динситезӣ буд. Яъне, шумо мавқеи коммунистиатонро иваз кардед?

— Не, ин на танҳо иштибоҳи ман, балки Ҳукумати Шӯравӣ ҳам буд.

-Яъне, шумо ба Худо эътиқодманд ҳастед, на атеист?

-Бале, ман ба Худо бовар дорам, аммо фанат нестам.  Барои ман ҳалол будан мусалмонист.  Ҳаром нахӯрдан, ғарӣ накардан, рафтору кирдори дуруст кардан ва покиза будан муҳим аст.  Модарам аз ибтидо ба мо калимаҳои муқаддасро омӯзониданд. Мо бе «Бисмиллоҳи раҳмони раҳим» ба дастархон даст дароз намекардем. «Почаи рост қатӣ аз дар баро», — мегуфтанд, модарам.

-Шумо чанд сол пеш  Ташкилоти ҷамъиятии «Чашмаи ҳаёт»-ро кушодед. Чӣ боис шуд, ки ба масъалаҳои мушкилоти занон, махсусан занони деҳот даст задед?

-Мушкилоти занон ва роҳи ҳалли он ин хоббии ман аст. Ман дар ин замина корҳои зиёде кардам. Бинобар ин, вақте ки дар  «ЮНИФЕМ»  кор мекардам, номи маро ба китоби «1000 зани таъсиргузори дунё» дохил карданд ва як саҳифа ин китобро ба ман бахшиданд.

…Китоби «1000 зани таъсиргузори дунё»-ро ба даст гирифтаву қариб гуфта будам, ки номи шумо дар китоби «Бонувон дар сиёсат»-и Тоҷикистон нест, аммо лаб фурӯ бастам

Одили Нозир

«Тоҷикистон» №49, 2017

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *