Беш аз 1570 медал. Дастоварди варзишгарони Хатлон дар шаш моҳ

Давоми соли равон варзишгарони вилояти Хатлон аз мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ беш аз 1 ҳазору 570 медал гирифтанд.

Ин нукта имрӯз, 29 июл дар нишасти хабарии Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш зикр карда шуд.

 Рамазон Насриддинзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш дар  вилояти Хатлон афзуд, ки варзишгарон дар умум дар 95 мусобиқаи гуногун иштирок карда, 1 ҳазору 571 медал ба даст оварданд.

Ба таъкиди вай 344 медал нисбати шаш моҳи соли 2023 зиёд мебошад.

«Феълан 38 муассисаи варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон фаъолият дорад. Дар муассисаҳои мавриди назар, ба беш аз 18 ҳазору 300 нафар 37 намуди варзиш омӯзонида мешавад. Шароит сол то сол беҳтар мешавад. Аз ҳамин сабаб дастовардҳо ҳам зиёд шуда истодаанд»,-гуфт номбурда.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *