Беш аз 2900 қонуншиканӣ дар Хатлон

Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон беш аз 2 ҳазору 900 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор карда шудааст.

  Маҳмадшариф Холзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси Кумитаи идораи замин дар вилояти Хатлон зимни нишасти хабарӣ афзуд, ки аз 2 ҳазору 903 қонуншиканӣ, наздики 1 миллиону 400 ҳазор сомонӣ ҷарима муайян карда шудааст.

Ӯ мегӯяд, то имрӯз беш аз 1 миллиону 97 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби кумитаҳои идораи замин ворид шудааст.

Ба таъкиди вай, майдони умумии замине, ки қонуншиканӣ шудааст, 4 ҳазору 514 гектарро ташкил мекунад.

«Мутахассисони мо дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 355 ҳолати худсарона ғасб кардани замин дар майдони 71 гектарро ошкор карданд. То имрӯз, дар 255 ҳолати ғасби замин наздики 36 гектар ба ҳолати аввала баргардонида шудааст»,-гуфт мавсуф.

Машраби Аловиддин

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *