Беш аз 4 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ҳаҷи фарзиро адо кардаанд
Соли равон бештар аз 4 ҳазор нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҳаҷи фарзиро адо намудаанд. Дар ин бора Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати кишвар зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
— Кумита тибқи тартиб корҳои омодагиро ба мавсими ҳаҷ оғоз бахшида, дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши хизматрасониҳо барои мавсими ҳаҷи соли равонро 60 ҳазору 520 сомонӣ муайян намуд,- гуфт С. Давлатзода.
Бино ба иттилои ӯ, айни замон бозгашти зоирони тоҷик баъди адои маносики ҳаҷ идома дорад. Бозгашти охирин гуруҳи зоирон ба ватан рӯзи 1-уми августи соли 2022 дар назар дошта шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ