Бингар, ки кӣ мегӯяд…
Салими Аюбзод, роҳбари бахши тоҷикии “Озодӣ”:
-Бисёр бубахшед, ночорам бигӯям, ки баъзеро даҳону мақъад якест. Сабукӣ муборакашон бод!
-Дуруст гуфтед, махсусан, даҳону мақъади расонае, ки аз ҳузури “Толибон” ва бадбахтии Афғонистон табли шодӣ мезанад.
Абдуллоҳи Раҳнамо, коршиноси масоили сиёсӣ:
-Вуруди толибон ҳатто ба Кобул ҳанӯз ба маънои пирӯзии комили онҳо нест. Ба ибораи дигар, «идораи Кобул» шикастаст, аммо толибон ҳанӯз ҳамаи нерӯҳо ва иродаҳои сиёсиро тебеи худ накардаанд ва ҳукумати расмӣ ва воқеӣ нашудаанд.
-Ё “Озодӣ”-ро намехонед ё ВАО-и Русияро… Ба гуфти ин ду “Толибон” якумра омаданд…
Меҳринисо, шоира:
-Ман ҳазорҳо бор гуфтам, ки хайрият аъзои ҳизби комунист нашудам. Набошад маро ким-кайҳо аз Кобул меронданд. Барои чандин саркашиҳоям, чунки ман дар қолаби худ намеғунҷидам: ба кинотеатрҳо мерафтам, дар консертҳо ширкат меварзидам. Дар чорчӯбаи назми азалӣ намеғунҷидам, ҳеҷ ҳамон қайду қуюдҳоро риоя намекардам. Хеле исёнӣ будам.
Хайрият дар замони “Толибон” дар Кобул нестед, вагарна исёну тӯфонатон ба хубӣ анҷом намеёфт…
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ