Бингар, ки кӣ мегӯяд…

Музаффар БУРҲОНОВ, ҳунарманди маъруфи балети тоҷик

— Бояд аз фарҳанги ҷаҳонӣ бохабар шавӣ. Фарҳанги ҷаҳон ҳамаро муттаҳид мекунад. Ту онро дертар дӯст хоҳӣ дошт, ҳоло дарк намекунӣ, намефаҳмӣ, вале каме сабр кун, ҳамаашро мефаҳмӣ.

— О, масалан бисёриҳо аз фарҳанги Аврупо интиқод мекунанд, ки ҷавононро ба роҳи нодуруст мебарад-ку! Ё ҳоло ҳам сабр кардан лозим?

Абдураҳим БОБОҶОНОВ, соҳибкори саховатпешаи тоҷик

— Одамоне, ки манзили шахсии худро надоранд, бо ин мушкилот аз дунё канор мераванд, нигоҳи холӣ ва хаста доранд. Ман худам як вақт мушкили манзилро аз сар гузаронидам, иҷора менишастам…

— Ин тавр бошад, даст ба дуо мебардорем, ки сафи соҳибкорони “иҷорашин” даҳчанду садчанд афзояд…

Фирӯз БАҲОР, оҳангсози шинохтаи тоҷик

— Мо миллати бисёр олӣ ҳастем. Ҳунармандон, шоирон, мутрибон, файласуфҳо дорем. Ман фикри аз Тоҷикистон рафтан надоштам, лекин фаҳмидам, ки барои эҷодиёти ман ҷое нест.

— Ҷой барои эҷодиёти шуморо боз ҳамон ҳунармандон, шоирон, мутрибону файласуфон танг накарда бошанд?!  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *