Бингар, ки кӣ мегӯяд…

Раҷаб АШӮРЗОДА, раиси ноҳияи Зафаробод

— Соҳаи саноатии ноҳия асосан аз коркарди пахта ва маҳсулоти он вобаста буда, маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаҳои саноатии ноҳия тибқи талаботи бозор буда, мунтазам дар бозорҳо харидори худро доранд.

— Ҳммм, аз чӣ бошад, ки мо дар бозорҳо маҳсулотеро бо тамғаи “Зафаробод” вонамехӯрем… Ё маҳсулотатон фақат дар бозорҳои Зафаробод харидор доранд?

Муҳаммадҷон ХОЛОВ, ҳаҷвнигор ва тарроҳи либос

— Либосамро интихоб намуда, болояш каме кор кардам. Боз як дӯсти дигар тавсия дод, ки тоқӣ монам, вале дар натиҷаи гуфтугӯ ва машварат тоқӣ не, балки тоқӣ-кепка тавлид шуд, ки онро ҳам худам кардам.

— Агар ягон дӯсти дигар тавсия диҳаду машваратҳо сурат гиранд, аз афташ ин дафъа тоқӣ-телпак тавлид мешавад. Охир, аз пеш боз зимистон аст ку!

Азизулло ИСМАТЗОДА, раиси ноҳияи Рӯдакӣ

— Дар семоҳаи якуми соли 2022 аз ҷониби Раёсат 3 маротиба ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ гузаронида шуда, 19 нафар бо кор таъмин гардиданд. Инчунин, 32 нафар ба курсҳои касбомӯзӣ равон карда шуданд.

— Курсҳои касбомӯзӣ хубанд, бо кор таъмин шудани бекорон низ, агарчи кам ҳам бошад. Аммо, агар махфӣ набошад, музди меҳнат чанд сомонӣ аст?

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *