Бингар, ки кӣ мегӯяд…

Раҳматулло ҲОШИМ, Ҳофизи халқии Тоҷикистон

— Бурди падари ман ин буд, ки бисёр рамузфаҳм буд ва медонист, ки дар куҷо чӣ бихонад ва дар куҷои дигар худдорӣ кунад ва истиҳола варзад.

— Воқеан, давраҳои фаъолияту эҷоди устоди пурмаҳсул Одина Ҳошим барои ислоҳ шудани сарояндаҳои навбаромади “ҳарчихон”-у “ҳарҷохон” намунаи ибрат аст.

Мавзуна САНГИНОВА, молики коргоҳи таъмири автомобил

— Барои ноил шудан ба ҳадафҳои худ камаш 20 маротиба пойтахт сафар намуда, чор моҳ шабу рӯз меҳнат кардам. Бовариам набуд, ки ғолиби озмун мешавам, чун маблағи аз ҳама зиёдро ман талаб карда будам.

— Хайр, чӣ, фикр кардед, ки дарёфт кардани грант ва он ҳам ба маблағи зиёд, осон аст!?

Маҳмуд КАМОЛОВ, сардори идораи обёрӣ дар ноҳияи А. Ҷомӣ

— Ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз сатҳи оби дарёи Вахш зиёда аз 17 метр паст мебошад. Аз ин ҳисоб заминҳо бештар аз гардиши кишоварзӣ берун мемонанд.

— Ба умеди Худо ҳам шаведу буттаро ҳам маҳкам доред, рафиқ сардор! Бечора дарёи Вахш гунаҳкор!? Айбро аз дарё не, аз заҳбуру заҳкашҳои пуропури партов ҷӯед!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *