Бингар, ки кӣ мегӯяд…
Умари ШЕРХОН, журналист ва адиби тоҷик
— Устод Турсунзода як қисмати зиёди шоирону нависандаҳои бузурги ояндаро ба оғӯши меҳр гирифтанд. Аммо имрӯз ин кор дар мо нест. Ман ҳамеша шӯхиомез мегӯям, ки мо адибони “сағера”-ем. Мо аз ин гуна дастгириҳо баҳра набурдаем. Ман ҳар чӣ ёфтам, аз журналистика ёфтам.
— Агар махфӣ набошад, мушаххасан чӣ ёфтед аз журналистика, устод? Бигӯед, то мо ҳам аз рӯйи таҷриба амал кардаву “сағера” нашавем.
Гулрухсор САФӢ, Шоири халқии Тоҷикистон
— Ба саҳнаи забони миёнаи форсӣ ворид шудани Рӯдакӣ ва 40 сол хидмат карданаш дар дарбори Сомониён рустамона аст ва маҳз устод Рӯдакӣ ба устод Фирдавсӣ роҳ кушод. Баъди ин роҳкушоӣ, устод Фирдавсӣ, ки як деҳқон буданд, бузургтарин китоби сиёсии ҷанг ва сулҳи ҷаҳонро навиштанд.
— Офарин, муаллимаи азиз! Дӯстони ҳамзабонро 1 бар 0 задед. Ба бузургии мо қоил шуданд.
Мануэл МИКАЛЛЕР, сафири ИМА дар Тоҷикистон
— Ҳадафи мо ба Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа пешниҳод кардани имкони диверсификатсияи шарикии иқтисодии ҷаҳонии худ, бо мақсади коҳиш додани вобастагии иқтисодӣ ва ба ин васила, таҳкими соҳибихтиёрии онҳо мебошад.
— Манзуратонро он қадар хуб дарк накардем, ҷаноби сафир. Коҳиш додани вобастагии иқтисодиро аз Русия дар назар доред магар?
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ