Раиси БАТР дар Тоҷикистон иваз шуд

Холгер Вифел раиси Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон таъин шудааст. Ӯ аз 1-уми июли соли 2023 ба иҷрои вазифаҳои худ дар Душанбе шуруъ мекунад.

“Мехоҳам, ки таҷрибаи касбӣ ва минтақавии доштаамро барои пешбурди ҳадафҳои асосии мо дар Тоҷикистон истифода барам. Инҳо иборатанд аз ҷорисозии технологияҳои “сабз”, рақамикунонӣ, дастрасии беҳтар ба маблағгузорӣ барои корхонаҳои хурду миёна, дастгирии занони соҳибкор, баланд бардоштани устуворӣ нисбат ба тағйирёбии иқлим ва таҷдиди зерсохтори калидӣ ва ин танҳо чанде аз онҳост. Ин як даъватест, ки ман онро ҳақиқатан ҳам интизорам”,- гуфтааст ҷаноби Вифел.

Холгер Вифел шаҳрванди Олмон буда, соли 2013 аз муассисаи махсуси қарздиҳӣ ба корхонаҳои хурду миёнаи IPC GmbH бо таҷрибаи ғании касбии андӯхта ҳангоми фаъолият дар минтақаҳое чун Қафқоз, Чин ва Аврупои Шарқӣ ба БАТР омадааст.

Ӯ ба ҳайси ҳамоҳангсози барномаҳои қарздиҳии БАТР ба тиҷорати хурд дар минтақаи бузург аз Украина то Осиёи Марказӣ кор кардааст.

Ахиран ба сифати роҳбари Гурӯҳи маблағгузорӣ ва рушди тиҷорати хурду миёна дар Осиёи Марказӣ ва Муғулистон фаъолият дошт.

Қобили зикр аст, ки то имрӯз БАТР ба Тоҷикистон дар доираи 158 лоиҳа 892 млн евро маблағгузорӣ кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *