Суғд: Осоишгоҳи ройгон ба омӯзгорон

Наздик ба 250 омӯзгори макотиби Суғд давраи таътили тобистонаро дар осоишгоҳҳо мегузаронанд. Харҷи маблағи истироҳати омӯзгорон аз ҳисоби МИҲД-и вилояти Суғд пардохт мешавад.

Дар ин бора аз Раёсати маорифи вилояти Суғд ба pressa.tj хабар доданд.

«Ба он омӯзгороне, ки давоми соли таҳсил дар ҷалби бештари хонандагон ба озмуну олимпиадаҳо саҳми назаррас гузоштаанд, инчунин омӯзгорони макотибе, ки натиҷаи дохилшавии шогирдонашон ба донишгоҳҳои кишвар назаррас аст, барои истироҳат ба осоишгоҳ роҳҳат дода мешавад»,- гуфт манбаи мо аз Раёсати маорифи вилоят.

Ба иттилои манбаъ, омӯзгорон тариқи роҳхат 12 рӯз ройгон дар истироҳат хоҳанд буд.

Онҳое, ки қаблан аз чунин имтиёз бархӯрдор шудаанд, ба рӯйхат шомил карда намешаванд. Соли гузашта ҳам ин теъдод омӯзгорон ба осоишгоҳи «Зумрад»-и шаҳри Исфара фиристода шуда буданд.

Масъулони раёсати маориф инро як василаи ҳавасмандии ин қишри ҷомеа медонанд, ки ба таълиму тарбияи насли наврас дар макотиб машғуланд. Бино ба омори расмӣ, зимнан дар вилояти Суғд наздик ба 38 ҳазор омӯзгор дар мактабҳо дарс мегӯянд.

Ф. БОБОЕВА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *