Дар маршруткаҳо ҳам камера гузошта шавад!

Чанд пешниҳод ба сокинони пойтахт ва мақомоти танзим

Дар шаҳри Душанбе қисми зиёди одамон аз маршруткаву автобусҳои ҷамъиятӣ истифода мебаранд. Аммо барои дуздон маршруткаву автобусҳо ҷойи наве барои расидан ба ҳадафҳои нопокашон шудааст. Аниқтараш, макони серодаму серпул ва барои дуздӣ осону камаён.
Барои чӣ дар маршруткаву автобусҳо дуздӣ бисёр мешавад ва чаро онҳо барои дуздӣ махсус ҳамин хел ҷойҳоро интихоб мекунанд?
Асосан сабабҳои содир намудани дуздӣ — ин бепулӣ, сатҳи пасти зиндагӣ, бекорӣ, нафси бади шайтонӣ ё ҳамчун аз рӯйи одат содир кардани дуздӣ мебошад. Айни замон қариб ҳамаи бинову мағозаҳо, кӯчаву роҳравҳо бо камераҳои назоратӣ муҷаҳҳаз шудаанд. Мутаассифона, ягона ҷойҳое, ки камераҳои назоратӣ надоранд ё доранду кор намекунад, ин маршруткаву баъзе автобусҳо мебошанд.
Ба ғайр аз ин, дар даруни онҳо ба ҷойи огоҳии мардум аз имкони мавҷуд будани дуздон, баъзе шиорҳои бетарафии ронандагон навишта шудааст: «Ронанда барои чизҳои гумшуда гунаҳгор нест!». Ин сухане, ки дуздро хеле хушҳол мекунад ва аз бетарафии ронанда далолат медиҳад. Охир, намешавад, ки ба ҷойи ин гуна суханҳо чунин навиштаҷотро насб кунанд: «Аз дуздон эҳтиёт шавед!» ё «Камераи назоратӣ гузошта шудааст!». Яъне бояд суханоне бошанд, ки ҳадди ақал дар дили дуздон заррае тарсро ба вуҷуд оранд.
Сабабҳои зиёд будани дуздӣ дар хатсайрҳои мусофирбарӣ чунинанд:
1. Дар маршруткаву автобусҳо аз меъёри муқарраршуда одамон зиёд менишинанд. Ончунон ҷафс меистанд, ки дасти дар ҷайбат даромадаро ҳис намекунӣ. Дуздон ҳам дар маршруткае менишинанд, ки аз ҳама одами зиёд дорад.
2. Дар хатсайрҳои мусофирбарӣ ҳаққи роҳкиро нақдӣ сурат мегирад. Дар ин сурат ҳатман дуздон аз чӣ қадар маблағ доштан ва дар кадом қисмати либос гузоштан огоҳ мешаванд.
3. Бисёри мардум дар хатсайрҳои мусофирбарӣ (маршруткаву автобусҳо) мисли он ки дар хонаи худашон нишаста бошанд, бепарвоёна ва дар фикру хаёл ғӯтида менишинанд. Дузд ҳам ҳамин гуна одамҳоро ҳадаф қарор медиҳад, зеро онҳо дар хаёли даруниашон фурӯ рафтаанд…
4. Ошиқони ғамзада ва одамони телефонзада аз ҳама бештар аз дуздӣ шудани молу амволашон дар маршруткаву автобусҳо шикоят мекунанд. Медонед барои чӣ? Масалан ҷавони ғамзадаи ишқ вақте ба маршруткаву автобусҳо менишинад, аввалин коре ки мекунад, гӯшдоракро (наушник) дар гӯш мемонаду мусиқӣ гӯш карда, худро дар дунёи ишқу ошиқӣ тасаввур мекунад. Дуздон бошанд, ғамзадаи пулу мол ҳастанд ва вақте чунин ашхоси маҷнунфеълро мебинанд, ҳатман метавонанд эксперименти дуздии худро гузаронанд.
5. Занҳои халтадор (селофандор) низ аз дуздӣ шудани амволашон зиёд шикоят мекунанд. Азбаски дар маршруткаву автобусҳо ҷойи махсуси нигаҳдории бор нест, мусофирон маҷбур мешаванд борҳояшонро дар кунҷе ё наздашон гузоранд. Дуздон бошанд, ҳамин ки чашми соҳиби онро дур диданд, ҳатман ягон чӣ медузданд.
Пас, чӣ тавр дуздро тахмин ё аниқ мешиносед? Дуздонро бо чеҳра, шакли зоҳирӣ шинохта намешавад. Танҳо дузд буданашонро аз ҳаракатҳо ва рафтори зоҳирияшон метавон донист.

Агар дар маршруткаву автобусҳо касе худашро бо шумо ҷафс кардан гирифт, дур шавед ё ҳушёр бошед, зеро имкони дузд буданаш ҳаст. Агар дар маршруткаву автобусҳо касе шуморо тела дода, баромад ва боз бахшиш пурсид, якбор дастатонро ба ҷайбатон бурда, пулу телефонатонро хабар гиред.  
Агар дар маршруткаву автобусҳо касе бо шумо мисли шиносаш оғози суҳбат кард, фирефта нашавед, ҳушёр бошед, зеро имкон ҳаст, ки шуморо ба гап гираду шарики дуздаш молу амволатонро дуздад.  Ҳамчунин, ба дастони одамони дар гирду атрофатон буда аҳамият диҳед, зеро бисёри дуздон кисабур ҳастанд.

Дар маршруткаву автобусҳо вақте барои нишастан даъват мекунанд, эҳтиёт кунед, зеро ҳангоми нишастан ҷайби шуморо кофтан осон аст.

Бинобар ин, пардохти ҳаққи роҳкиро бояд пурра тариқи ғайринақдӣ ва корт сурат гирад. Ҳатто дар маршруткаҳо. Ҳамчунин, дар маршруткаҳо бояд камераҳои назоратӣ гузошта шаванд. Дар маршруткаву автобусҳо бояд тибқи меъёри мавҷудбуда одам савор карда шавад.

Зайнулло БОБОЕВ,

донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *