Блогери доғистонӣ — Ҳасбик ба Тоҷикистон омад

Блогери доғистонӣ Хасбулла Магомедов, ки бо тахаллуси Ҳасбик маъруф аст, вориди Тоҷикистон шудааст. Дар ин бора ӯ дар Instagram-и худ хабар дод.

«Ассалому алайкум ба ҳама»,- навиштааст ӯ дар шабакаи иҷтимоӣ. Чаро Магомедов ба Тоҷикистон омадааст, то ҳол маълум нест.

Ҳанӯз дар моҳи майи соли 2021 пурмоҷаротарин «муҳориба» миёни Ҳасбик ва блогери тоҷик Абдурозиқ рух дода буд. Натиҷаи он ҳанӯз маълум нест.

Дар ибтидо тахмин зада мешуд, ки ин “задухӯрд” дар ютуб-канали Тамаев нашр мешавад. Аммо ба ҷои он ду қисмати конфронси матбуотии ғайримуқаррарии Ҳасбик ва Абдурозиқ нашр карда шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *